Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
устод, балки фақат он асарҳои ӯро, ки то соли 1978 чоп шуда буданд, ба ҳисоб гирифтаанд. Ба шумурди ин мутахассисон дар он асарҳои устод зиёда аз 24 ҳазор калима сабт шудааст. Ин адад нишон медиҳад, ки устод Айнӣ ба эътибори захираи луғавӣ ва ғаномандии вожгон дар қатори барҷастатарин нависандагони ҷаҳон меистад.
Аз ин луғатнома маълум мешавад, ки дар навиштаҳои Айнӣ 23 калима бо -шавӣ сохта шудааст. Аз 24 ҳазор фақат 23 адад! Яъне шумораи чунин калимаҳо дар навиштаҳои устод ночиз аст.
Дар байни онҳо чӣ калимаҳои кӯтоҳи сабук ба монанди гармшавӣ, озодшавӣ, сурхшавӣ, ғуншавӣ ва чӣ калимаҳои чандқабатаи вазнин ба мисли мардикоршавӣ, велосипедсаворшавӣ, қозиинтихобшавӣ, қозикалоншавӣ, ҳатто насрнависшавӣ ба чашм мехӯранд. Ба ақидаи мо, ин калимаҳо, хусусан гурӯҳи дувуми онҳо (калимаҳои вазнини чандҷузъӣ)-ро дар эҷодиёти устод Айнӣ ҳам номатлуб донистан лозим аст. Чунончӣ, ин ҷумларо бинем: «Шиносии ман ба «Наводирулвақоеъ» ба сарам савдои насрнависшавию ҳам андохт». Ин ҷо дар калимаи насрнависшавӣ ду асоси феъл ҳаст: навис ва шав, таркиби калима аз чор ҷузъ иборат аст, ки хеле гаронӣ меорад. Чунин ба назар мерасад, ки ин калима аз фурӯгузошти асоси феълии «шудан» ҳеҷ зарар намедид.
Чун ба муносибати калимаҳое, ки бо «-шавӣ» сохта шудаанд, аз вазнин шудани калима сухан меронем ва аз он бар ҳазар медорем, гаронии ғайритабиъиро дар назар дорем. Вагарна дар ҳар забон, аз ҷумла дар забони тоҷикӣ калимаҳои мураккаби серҷузъ кам нестанд.
Онҳо аз рӯйи зарурат сохта ва ба қолибҳои табиъии маъмулӣ рехта шудаанд. Аммо бештари калимаҳо, ки бо асоси феълии «шудан» ба вуҷуд омадаанд, ба назари мо, аз табиъият дуранд.
Ногуфта намонад, ки калимаи мураккабе, ки «-шавӣ»
дошта бошад, дар форсии кунунии Эрону Афғонистон нест. Баъзе анъанаҳои классикии забон дар Эрону Афғонистон бештар нигаҳдорӣ шудаанд. Аз ин рӯ, унсурҳои норавое чун «-шавӣ» ва «-кунӣ» дар калимасозии онҳо роҳ наёфтааст. Мо аз онҳо бояд ибрат бигирем ва аз чунин унсурҳо дурӣ биҷӯем.
Шак нест, ки «-кунӣ» ва «-шавӣ» аз он чизҳоест, ки
Садри Зиё «ағлоти урфӣ» (ғалатҳои маъмулӣ) хонда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё