Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Лабони камхуни модарам моили табассум шуданд. Худам ҳам чанде дилпур будам. Вале рӯз паси рӯз, ҳафта пайи ҳафта мерафту коре намеёфтам. Ба Маркази шуғли аҳолӣ дар талаби кори муносибе борҳо рафтам, аммо он ҷо ваъда доданду бас. Охирин сӯмҳоро барои нони хушк сарфа мекардам. Акнун ӯ зуд-зуд аз кӯчаи мо раҳгузар мешуд ва гӯиё тасодуфан бо ҳам вомехӯрдем. Он рӯз ҳам чанд дари идораву ширкатҳои хусусӣ ро кӯфта, ноумед, мондаву лакот ба хона бармегаштам, ки ногоҳ аз паси дарахте намоён шуд. Ман басе дар ҳиҷолат будам, аз он ки дар ин ҷомиа меҳнати ман ба касе лозим нест, аз он ки ақаллан наметавонам ба модари бистариам ғизои дилкаше биёварам. Ду буҳанка нони тӯрхалтарро намедонистам куҷо пинҳон кунам.

Ӯ ба чашмони ман дуру дароз чашм дӯхт.

— Мӯнис, медонам, ки сахт дар азоб ҳастед. Вале намедонам чӣ тавр мадад расонам. Саҳеҳтараш метарсам, ки ёриамро қабул накунед.

— Ман дигар чизи фурӯхтание надорам.

— Эҳ, сода.

— Биравам, ки модар интизор аст.

— Ихтиёратон. Ба ҳар ҳол манзили маро медонед. Агар ҳис кардед, ки ёрии ман бароитон зарур аст, биёед. Ҳиҷолат накашед.

Саранҷом табари нодорӣ шохи ғурури маро шикаст. Расид он вақт, ки ба як нон пул надоштам.

Ӯ маро хуш пешвоз гирифт ва намедонист чӣ гӯяду чӣ кор кунад.

— Шумо метавонед ба ман кораке ёбед?

— Яъне чӣ ҷӯрӣ кор?

— Масалан, ман метавонам хона рӯбам, фарш шӯям, козурӣ, ошпазӣ барин корҳо...

— Бас-бас... Магар ҳамин хел корҳои паст ҳам натавонистед аз куҷое ёбед, ки аз ман мепурсед?

— Ман на ба ҳар хона хоҳиши хизмат кардан дорам.

— Яъне шумо мехоҳед, ки...

— Бале, дигар илоҷ надорам. Модари ман се рӯз инҷониб дами гарме нахӯрдааст.

пешина
аз 120
навбатӣ