Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Ӯ матои маро аз рӯи коғазпора бардошт.
— Биравем.
Ман муқобилият накардам ва напурсидам, ки куҷо. Дур набуд манзили ӯ. Дари яке аз ҳуҷраҳои бинои нӯҳошёнаро боз кард. Бо гӯшаи чашм тамоми ҷиҳози хонаро аз назар гузаронидам. Ва дар қиёси хонаи ободи ӯ худро ҳақиру ночиз эҳсос кардам, вале тарзе вонамуд месохтам, ки ин кошонаи муҷаҳҳаз ва ин ҳама ҷиҳози мурассаъ ҳеҷанд. Ӯ дар як он рӯи мизро бо анвои ғизоҳои хушхӯр чун дар рӯзи сур орост.
— Меҳрубон бошед.
— Ташаккур, — ҳарчанд аз гуруснагӣ сарам чарх мезад, чашм аз телевизор намекандам ва бо нӯги даст аз ину он мечашидам.
— Мӯнис, бигӯед, аз кай чаканафурӯшӣ мекунед?
Худро ба даст гирифтам ва амсоле, ки савол ҳеҷ малолам наомада бошад, гуфтам:
— Аз ҳамин рӯз. Ва аз аввали шуғл фаҳмидам, ки дар ин кор пешрав нахоҳам шуд.
— Чиро, арзон мепурсанд?
— Худ намедонистам, ки ин матоъ чанд қимат дорад. Ва касе ҳам харидораш нашуд.
— Охир худи шумо ба чанд гирифта будед.
Беихтиёр оҳи сарде кашидам.
— Медонед, ин матоъ аз сандуқи модарам аст, ки ба рӯзи неке ният карда буд.
Ӯ аз ҷой бархост ва бо камоли ҷавонмардӣ дастае пул оварда пеши ман гузошт.
— Ин маҳмал бароям зиёд хуш омад. Моли хуб, бегона нашавад.
Оҳ, мушкили ман осон шуда буд. Акнун ин ҷо истодани ман маъно надошт. Ҳадаҳа узр пурсида, азми рафтан кардам. Вай маро то ҳамгашти кӯчаамон гуселонид.
— Минбаъд ҳар моле, ки доред, бозор набаред, ки қадр намекунанд, — дар айни хайру хуш гуфт ӯ. Дар аввал ба гапаш эътиборе надодам. Охир ман дигар чизе фурӯхтани нестам. Дар ҷайб хеле пул дорам ва то тамомшавиаш коре хоҳам ёфт ва ҳаргиз ба сандуқи модар даст нахоҳам зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё