Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аллакай маро иҳотакунон чанд қадам пеш андохта бурданд. Даҳшатам фаро гирифт, охир нафари чорум дари ақиби мошинро кушода ба рафиқонаш ёрӣ додан мехост. Тамоми қувватамро ҷамъ карда дасту почак задам ва мардумро ба ёрӣ хостам. Аҷабо, ҳама худро ақиб кашида буданд... Авбошон ҳарчанд зӯр заданд, натавонистанд, ки ба мошин андозандам. Яке ба сару рӯям ду-се мушт фаровард, худро гум кардам. Аз мӯям кашиданд, сарам чарх зад. Бори дигар атрофиёнро мадад пурсидам, ҷавобе нашуд, танҳо чашмони мардуми тарсу бо ваҳм наззораам мекарданд, бархе нигоҳи худро гуретонидаву дуртар аз можарогоҳ буданро авло медонистанд. Гӯйӣ ин манзараи манфур лаҳзае на, мавриди мадиде кашол ёфт, балки ҳанӯзам давом дорад, ки наметавонам ҳеҷ онро аз пеши назар дур андозам.

Ай мардум, ай қавми бо ҳам ноошно, ай бузургҷуссагони бунчишкдил, марго шумо намебинед, ки дар ҳузуратон фахшонияте сар мезанад? Номусе дар айни поймолгардист? Бегонае не, ҳаммиҳани шумо, ҳамқавми шумо аз дасти ҳамчунон ҳамдиёру ҳамҳунони шумо беобрӯ мегардад!!!

Аллакай бо даҳони баста дохили мошин гашта будам ва дар дил мегуфтам: “Тамом!”

Вале... Боварам намеомад, ки Худованд мададгоре фиристода... Берун аз мошин чанд тан часпу талош доштанд. Намедонам кӣ киро мекуфт, кӣ нола мекард, кӣ наъра мекашид. Яке ба худ омада дидам, ки касе ба ёди ман нест, хестаму берун ҷастам ва худро паси дарахтон гирифтам. Дар истгоҳ ҷуз тӯдаи ҷанҷолиён дигаре наменамуд. Аён набуд, ки ишон “аз бало ҳазар” карда роҳ пеш гирифта буданд ва ё автобуси холие омада ба мақсад расонидашон. Дигар ҷуръати ин ҷо истодан накардам ва то ҷон доштам таг-таги сояи дарахтон гурехтам.

Модарам... Ҳоли модари бечораам он лаҳза тасвир нокарданӣ буд. Чун гиребони дарида, сару чашми варамида ва мӯйҳои парешону пои урёни маро дид, ранг аз рӯяш парид ва танҳо оҳиста ғурунгид: “Вой, хонам сӯхт!”

Мо он шаб ва чанд шабу рӯзи дигар аз ваҳшати он шоми наҳс ба худ намеомадем. Ман худро ҳабси хонагӣ карда будам, охир наметавонистам бо сару рӯи кафидаву вараму сиёҳ

пешина
аз 120
навбатӣ