Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Худоё, лаҳзае чанд қувваи хотираам пурзӯр гардон, то нирӯе ёбам аз барои сатр ба сатр хондани сафҳаҳое, ки дар он баъзе лавҳаҳои умри кӯтаҳи ман нақш гашта. Номи ӯро бо кулли тавсифот ба забонам ор, ки бо охирин нафас аз гулӯям барояд..

Шукри ҳастиат, аё Эзиди пок, ки чеҳраи ӯро бо ҳама покиву софӣ пеши назарам овардӣ.

Неъмати ман! Биншину гӯш кун аз садои қалби як нафар қурбонии ҷаҳолат. Ту ишқро неъмати бузург медонӣ. Ман аз он даргурезам, вале пойи пиёда то чанд битозам, ки муҳаббат чобуксавор аст?!

Азизам! Маро бубахш, банда низ ҳамчу як узви ин ҷомеаи тангназар ноҷору ноилоҷ ҳастам. Вагарна лаънат ба он рӯзе, дақиқтараш шоме намехондам, ки Офаридгор бо ту рӯ ба рӯ гардонидам.

Он рӯз бо илтимоси Сардор то шом дар коргоҳ мондам. Аз таъсири садои чик-чики мошини чопӣ ва рӯйбардор кардани қоғазҳои нохоно сарам ба дард омада буд. Чун корро анҷом додам, вақт аз шом гузашта ва рӯзи кӯтоҳи тирамаҳ кайҳо тира гашта буд. Ҳанӯз мардум дар кӯча зиёд буданд ва ман бебок қадам мепартофтам. Автобусҳои пуродам аз мардум гӯиё мегурехтанд: дур аз истгоҳ исти кӯтаҳ карда, мардумро ба шӯр меоварданд. Вақт мерафт, вале ҳеҷ имкон намеёфтам, ки ба ягон нақлиёти мусофиркаш часпам. Дарди сарам авҷ мегирифт. Фикр мекардам, ки ҳоли модари дардмандам чӣ тур бошад... Ӯ бешубҳа чашм ба роҳи ман даҳҳо бор хаёлан дари кӯча баромадагист.

Яке сабукраве бо садои гӯшхарош дуртар аз ман таваққуф кард ва се ҷавон берун шуданд.

  • Салом, духтарак.
    Ҳеҷ фикр намекардам, ки онҳо ба ман муроҷиат мекунанд!
  • Салом додем! - яке даст ба китфам партофту дигаре аз оринҷи ростам дошт.

Ман бесухан худро ақиб кашидам, аммо шахси саввумӣ аз миёнам дошт.

  • Овоз набарор, духтари хушрӯ. Рафтем, бечанҷол ба мошин мешинем ва танҳо соате бо мо мемонӣ.
пешина
аз 120
навбатӣ