Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Мехоҳед, маро шарманда кунед?
— Аз шармандагӣ метарсӣ? Ин тавр бошад, ба гирду пешат чашм андоз, коратро дониста кун, ки шармсори ду олам нагардӣ, — бе он ки ба додари хурдиаш нигоҳ кунад, гап мезад Фарҳод.
— Гуфтан мегиред-дия. Чӣ, кас ин чордевори фарсударо осорхона барин нигоҳ дошта шинад? Кӯчондан даркор буд. Аммо имсол, ки қурби огиландозӣ надоштам, гуфтам то соли оянда истад.
Хашми Фарҳод болотар гирифт. Инро дида Мурод ба гап даромад:
— Ако, ӯ аслан ин хонаро огил карданӣ набуд. Ҳо он ҷо огил андохтанӣ. Лекин имсол вақт рафт. Ман гуфтам, ки хонача муваққатан сарпаноҳи молу ҳолаш шавад.
— Чаро пештар нафаҳмидам, ки аз ранҷонидани арвоҳи падарӯ модар наметарсед.
— Мана бинед, ако, маҷбурам накунед, ки гапи ганда занам. Кайҳост, ки аз баҳри ин хонаи пӯсида баромадаам. Бехона нестам, — ӯ ба иморати наваш ишора кард, — лозим бошад, гиред. Зану бачагонатонро кӯчонда биёред. Мебинем, ки зиндагӣ мекунед ё не дар ин катаки мург.
Вай бо қаҳр аз дар берун шуд. Дар рӯи ҳавлӣ ҳам лаб намебаст.
— Ҳар кулӯҳаш аз тилло бошад ҳам!
Фарҳод дар назди остона нишаста, аз паси Сайёд, ки ба хонааш даромада мерафт, ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карда монд. Хонаи тарафи муқобил ки хеле баланду барҳаво афтода буд, бо нақшу нигор, бо гулу кандакорӣ бо тамоми зебу шукӯҳаш ба кулбаи фарсудаи падар гӯиё бо писханд менигарист. Вай воқеаҳои дар ин хонаи ҳоло огилгашта рӯйдода, модараш ва кӯдакии додаронашро ба хотир меовард.
Сайёд он солҳо дар ёд надорад, бисёр хурд буд. Фарзанди калони оила Фарҳод ҳеҷ аз дарс намемонд. Он солҳо дар мактаб ба ҳар як хонанда порае нон медоданд. Рӯзҳои хунуки зимистон ҳам бачаҳои пойлучу бараҳнаро умеди ҳамин нон саҳари барвақт ба мактаб меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё