Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки Сари Гардан номанд. Даста-даста гули настарани кӯҳӣ мечинам, ки гузаштагон вағнич хондаанд.

Ман он айём ҳаргиз аз фалсафаи маргу зиндагӣ намеандешидам. Ҳаёт якмарому якнавохт ва беохир менамуд. Гумон мекардам, манзараҳои дилфиреби ин деҳи кӯҳӣ то интиҳои интиҳо, ҳамон сон ки ҳаст, мемонад. Модаркалони пажмурдачаҳраи ман ҳам фарди бемарг менамуд. Зеро аз он даме, ки худро мешинохтам, мӯйҳои сап-сафед дошт, вале ҳамвора рӯйи ҳавлӣ ҷунбуҷул мекард. Гоҳо ба танаи себи намангонӣ такя зада менишасту овоз меандохт. Овозандозии ӯ дебочаи аҷибе дошт:

— Ҳик, ҳик, ҳик... — ва як нафаси бадарде дарун мекашид, ки гӯиё аз гиряи зиёд ҳалмаш пухта бошад. Сипас ҳатман бо чунин суханҳо навҳа оғоз мекард, — ҳаргиз будӣ ё набудӣ?..

Шояд чор-панҷ сол доштам, ки ман тарзи овозандозии бибиамро азёд намедонистам. Ҳарчанд ҳамеша бо як сабк менолиду марсияаш обшуставу кӯҳна мебуд, вале гоҳ-гоҳе байтҳои обнарасида низ илова мекард, ки аз шуниданаш хушам меомад:

Барфу борон жола кард,
Ҳамронисо нола кард.
Сад ҳайфи марди барно,
А сангӣ хоро хона кард.

— Бибиҷон, — аз остинаш мекашидам ман, — ҳамин байта такрор кунед. Ӯ бе он ки ба ман эътибор диҳад, “ҳик-ҳик-ҳик” мекарду боз он чизеро мегуфт, ки табъи дили худаш буд.

— Ҳой, бибӣ, охир, аввалингиша хонед!

— Э, шумтаккае, Худо умрата дароз кунад, ба холам монӣ-чӣ! Ман аз ғаму дард мекафаму ин масхарабозӣ мекунад. Ман ба ту ҳофизи тӯйгард будам, ки фармоиш медиҳӣ: фалон ашӯлая аз нав хон? Буза ғами ҷону қассоба ғами чарбу, гуфтанашон ҳамин будагист-дия.

— Бибиҷон, чиба гиря мекунеду оби дидаатон намебурояд?

— Э духтари ҷон, дар тӯли умрам ун қадар оби дида рехтам, ки дар қаъри чашмам як қатра об намондааст.

пешина
аз 120
навбатӣ