Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданОвози чилбанда (доира)-и тафсон дили шабро мешикофт. Арусро се мартаба гирди гулхан гардонда, рӯй ҷониби қибла нигоҳ доштанд. Садои доира қатъ гашт. Сурхонаро лаҳзае гӯиё оҳанги ҳузн фаро гирифт. Чун дар арӯсхонаҳои дигар "муборакгӯён" паси ҳам қатор намешуданд.
- Ҳой, ягон хешу табори баор дорад шах? Инту расмаша ба ҷо оред-дия?
- Малол нашавед, андаҳо, ҳозир меоянд.
- Ку, одама маҳтал накунед, охир, хешони домод!
- Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим! — ниҳоят пирмарди ланге байни издиҳом баромад. - Муборак бошад арӯсӣ, аз барои падару модари раҳматии домод! Муборак бошад, аз барои ҷамъи гузаштагони ҳамин даргоҳи умед. Илоҳо бо Исфандиёр кӯшапир шаведу соҳиби ҷуфт-ҷуфт писару духтаракони дӯстрӯй гардед. Хуш омадед, қадаматонба гардам, духтарам.
Арӯс дар иҳотаи наздиконаш се бор таъзим кард. - Боз... - зани хандончеҳрае овоз баланд кард, - ҳанӯз маҳрашро надодед-ку.
Боз мардум ба пичир-пичир даромаданд. Ҳама гардан дароз карда тарафи хона менигаристанд. - Наход бибиву холае надорад домоди мо?
- Ҳозир, - зани саргиракбасаре пеш омад. - Муборак шавад ин рӯзи нек. Ҳамин хонаву дар, боғу роғ ва як марди майдона ба шумо бахшидам. Илоҳо ҷуфти батолеъ шавед. Ман надидаро шумо бинед, решаи равон шавед. Боз як бор муборак бод!
- Офарин, ҳазор раҳмат! - аз ҷониби арӯс овоз дод ҳамон зани хандонрӯй. Ҳозирон то паси иморати рӯ ба рӯ пинҳон гаштани бонуи рӯйпӯшида бо нигоҳ гуселаш карданд. Аллакай бо садои чилбандаву сурнай ва суруди дилҳурӯши "Ёр-ёр" арӯсро ба хона, таги чодар бурда буданд. Кӯдакон пойандози арӯсро чор тараф мекашиданд, то чигак (пора) - е ба даст оранд. Дар меҳмонхона базми мардон дар тасф буд. Чароғи чилум давраро шукӯҳ мебахшид. Бархе ҷомаи майсабеқасаб,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё