Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
маро ларза мегирад, аз сару рӯям марҷон-марҷон арақ мерезад.
Доя бо кафи дастони нармаш арақамро пок мекунад, дастонамро мемолад. Лаҳзае ҷонам ором меёбад, чашмонамро мепӯшонам. Хаёлам ин ҷо беморхонаи Тошканд. Баъди ҷарроҳии поям тӯй арақамро пок мекард, бо пахта лабонамро намӣ медод.
-
Оҷаҷон...
-
Ҷон, чӣ мегӯйӣ?
-
Росташро гӯй, ту метарсӣ, ки ман бахт намеёбам?
-
Чаро ин тавр мегӯйӣ? Тоқат кун, камаш монд, чуқур-чуқур нафас каш. Ҳа, ҳамин тавр, ҷони хоҳар.
Ҷони хоҳар? Ин кист? Ин ҷо куҷост? Оҷаам ку? Ин ҷо Тошканд нест? Чаро об намедиҳанд?
Пеши бининам чизе бӯйи тезу тунд мекунад. Чашмонамро мекушоям, ҳама ҷо сап-сафед.
-
Бечора, оҷаашро мепурсад, — мегӯяд доя.
-
Ҳа, дар ин рӯз шахси наздиктаринат мебояд, — пичиррос мезанад дигаре.
Чашмам ба тиреза меафтад. Субҳ медамад.
-
Вой! — дард боз авҷ мегирад. — Мемурам, оҷаҷон!
-
Ҳа, ҳа, зӯр, канӣ, канӣ. Ҳа, бале, боз як зӯр. Офарин!
-
Инга-а. Инга-а!
-
Оҳ, оҷаҷон, рӯз равшан шуд!
Ситораи равшане паси тиреза чашмак мезанад.
-
Духтар муборак!
-
Духтар?! Ин ситораи саҳар аст.
-
Ситора?
-
Оҷаҷон, ту мешунавӣ, вай гиря мекунад. Ту куҷоӣ? Чаро наменамой? Рафтӣ? Акнун ту медонӣ, ки ман хушбахтам? Дилпур ҳастӣ, оҷаҷон? Хайр, ором бош!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё