Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
мекардӣ, некрӯзиашонро дидану аз онҳо давлати пирӣ ёфтан мехостӣ. Ман инро чӣ донам?
Пас аз вафоти ту ба мо – се хоҳарон бисёр душвор буд. Ҳарчанд ӯро баробар парвариш мекардем, ҳар хоҳишашро ба ҷо меовардем, ҷойи туро гирифта наметавонистем. Вай навозиши туро мехост, нонеро талаб мекард, ки маҳз ту пухта бошӣ.
Модар, писари хурдакакат аллакай ба воя расид. Донишҷӯ шуд. Маълумоти олӣ мегирад. Имрӯз ман ба ҷойи ту дар ҳаққи вай ғамхорӣ мекунам. Ӯро айнан дар ҳолате пеши назар меоварам, ки ту мехостӣ.
Дар миёнаҷойи гулзори ҳавлӣ кате ҷой гирифтааст. Ҳафт қабат кӯрпача густурда. Додарам аз кор бо мошин бармегардад. Вай барои ҳолпурсиат ба гулзор мешитобад. Аммо болои ҳафт қабат кӯрпача касе нест. Ҷойи ту холӣ. Ҷоят доимо холӣ. Касе ҷойи туро пур карда наметавонад.
– Чаро гиря мекунӣ, ҷони оча?
– ...
– Чаро хомӯшӣ? Охир дарди дилатро ба ман нагӯйӣ, ба кӣ мегӯйӣ?
– Аёнро чӣ ҳоҷати баён, оча? Охир, худат хабар дорӣ. Зуд-зуд меоӣ.
– Бале, дар ҳар лаҳзаи хотирпарешоният ҳозиру нозирам. Наход ки одам ба худаш ҳамин қадар ҷабр кунад. Бубин, дар ин синну сол мӯят аллакай торҳои сафед дорад. Чаро механдӣ?
– Ҳамту. Ҳамин тавр тори сарам истодан гир. Дастонат ҳамон асту ҳамон. Бӯи шир мекунанд.
– Ту хоб кун, ҷони оча, хоб кун. Бубин, шаб қариб аз нисф гузаштааст.
– Ту меравӣ?
– Не, то субҳ мемонам.
– Монда намешавӣ?
– Монда шудан хоси зиндаҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё