Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки модарамро аз кор мононам. Вай дар равшании хираи чароғи керосинӣ мошини дардӯзиашро рӯи сандалӣ монда ҷома медӯзад. Миёни абрӯвонаш чин, лабонаш фишурда аст. Тори ресмоне ба манаҳаш часпидаасту баробари ҷунбидани сар бо як маром он ҳам меҷунбад.

Оҷаам шитоб дорад. Пагоҳ – рӯзи бозор. Ҷома бояд дӯхта шавад. Вай аз пули ҳамин ҷома ба ман ҷӯроби пашмину мӯзаи гарм хариданист.

Оҳ пойҳоям, чунон месӯзад... Ҳамин ки хунук шуд, мағз-мағзи устухонам ба дард медарояд. Модарам ғир-ғир мошина мегардонад. Сояи бузурги вай аз фарш то шифти хона беист меҷунбад. Ҳар замон садои мошин қатъ мегардад. Ӯ аз ҷойи кайҳо сардшуда менӯшад, мазмун, хобашро мепаронад. Дарди поям авҷ мегирад. Парӯ мехобам. Болинро сахт мегазам. Намехоҳам, модарам гиряамро пай барад. Вай бояд ҷомаро ҳамин шаб дӯзад, пагоҳ...

Садои мошин боз қатъ гардид. Дасти гармакаки модарам ба сару рӯям расид. Нимхез шудам.
– Наҷунб, наҷунб, ҷони оча. Боз дард мекунад? – мегӯяд рӯи аз ашк таршудаамро ба кафи дасташ пок карда.
– Гиря накун, дардата гирам, ҷони оча.

Ӯ поини поям болине мегузорад ва саропо ба ҷойгоҳ медарояду пои маҷрӯҳамро ба қафаси синааш пахш мекунад. Дастонаш банди поямро оҳиста-оҳиста молиш медиҳанд. Ҷонам ором меёбад.

Аз садои мошини дардӯзӣ бедор мешавам. Модарам беист кор мекунад. Аҷиб, боз зери лабаш ҳамон тори ресмони овезон якзайл меҷунбад. Шишаи чароғи керосиниро сип-сиёҳ дуда гирифтааст. Равшании дуруст намедиҳад. Бо вуҷуди ин ӯ аз кор сар намебардорад. Ана, ҷома ҳам тайёр шуд. Вай рост хеста онро аз назар мегузаронад. Чашмони аз бедорхобӣ варамидааш яке ба ман меафтад.

– Буд шуд? – мепурсам.
– Ҳа. Пойи ту дард намекунад?

Ман бо аломати инкор сар меҷунбонам. Ӯ табассум мекунад.

пешина
аз 120
навбатӣ