Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

наметавонам. Яъне ин лаҳзаҳои ширинро дигар наметавонам мувофиқи хости дил идома бидиҳам. Қудрату тавонам рафтан дорад. Зӯр мезанам, ки манзара дигар нашавад. Вале ҳайҳот... мебинам, сурати хоҳарбузургам, ки ба остонаи хона пой мениҳад, лаҳза ба лаҳза хира шудан мегирад. Ва ман чашм мебандам, то воқеият санг бандад. Ман ҳамон сон, ки сар ба синаи модар гузошта будам, то абад бимонам. Бигзор, беҳис бошам, берӯҳ бошам, вале дар ҳамин ҳолат бимонам, балки ин вазъ тағйир напазирад.

Зангӯлаи дар боз садо медиҳад. Аз ҷоям намеҷунбам. Боз... боз!!! Кист?! Кист, ки оромам намегузорад? Худоё, чаро касе раҳми маро намехӯрад, намемонад, ки хумор шиканам, санг бандам?

Ақлу ҳушамро ғун кардан мехоҳам, то ин манзараи ширинро аз каф нагузорам, балки ба абадият табдил диҳам? Аммо зангӯлаи дарвоза боз садо медиҳад ва ин дафъа бардавом.

Ман худро ба тундӣ паси дарвоза мерасонам. Бо шаст онро мекушоям. Садо қатъ мегардад. Вале пушти дар касе нест. Кӯча орому сокит. Фақат тоҷирбачаи кӯчаи мо, ки тамоми дороиаш рӯйи як мизи майдаро пур намекунад, зери сояи олуча дар умеди харидорест.

— Кӣ ба хонаи мо омада буд, бачаҷон?
— Ҳеҷ кас.
— Ту кай берун баромадӣ?
— Ман аз субҳ инҷоям.
— Аз субҳ мегӯӣ?

Худро зуд ба ҳавлӣ меандозам. Аҷабо, модарам ку?! Курсӣ... Охир, ин курсӣ ман барои ӯ гузошта будам. Ку модарам? Ку?! Ку?!!! Охир ин рӯъё набуд! Ман воқеан сар ба синаи нарму рӯҳбахшаш гузоштам! Аз бӯйи хушаш шамидам! Лаззат бурдам! Ва ҳатто тарсидам, ки чунин лаҳза ва манзара ба фоми ҳама лаҳзаҳои даргузар маро тарк гӯянд. Ман сар дар синаи модар санг бастан мехостам! Ҳатто агар ба нархи ҷонам мебуд, ризо будам. Кош дар ҳамон ҳолат карахт мешудам, ба ӯ мечаспидам ва мо тавъам мегардидем...

Рӯйи курсӣ музтар менишастам (бале, ҳатто ҳамин курсӣ

пешина
аз 120
навбатӣ