Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
вале мо ба ину он даст зада, ба таври худ дастёрӣ мекардем. Сипас куттиву сатилҳои худро аз даст ба даст дода аз нардбон поён мешудем. Ту пайваста табассум мекардӣ.
Чун хумори афсона мегирифт, хонаи бибиам мешитофтам.
Вай афсонаи зиёд медонист, вале шаб аз пайи шаб меояду моҳ аз пайи моҳ. Бо гуфти модаркалон, хуми ширинӣ бо лесидан тамом шудааст. Хоҳу нохоҳ афсонаҳояш такрор меёфтанд.
— Инаш не, наваша гӯед.
— Инаш нав, — мегуфт ӯ, — ин Дегча бачаи Дегчаи аввала.
Ва ман бовар мекардам. Албатта ин Дегча ҳамон Дегча мебуд, лекин бо обу ранги дигар, бо байтҳои нав ороёфта. Шумо афсонаи Дегчаро шунидаед? Ҳамон Дегчае, ки падару модараш дар чандин соли ҳамзистӣ фарзанд наёфтаанд. Рӯзе зани солрафта нола мекунад, ки эй Худои раҳмону раҳим, ба мани бечора раҳм намою фарзанде ато кун. Ман намегӯям, ки шоҳдухтаре деҳ, паҳлавонписаре деҳ. Розӣ ҳастам, ки фарзанди ман ноҷинсаку назарногир, сиёҳаку... — зан ба гирду гӯша нигоҳ мекунад, чизеро ба зуррияти ояндаи худ монанд кардан мехоҳад, аз афти кор, ва ногаҳон чашмаш ба дегчаи сари оташдон меафтаду аз ин бозёфт хурсанд шуда суханашро давом медиҳад, — ҳа, ҳа, ҳатто ба ҳамин дегчаи сиёҳ монанд бошад.
Қудрати Ҳаллокро бинед, ки ҳамон шаб дар батни он зани фарзандталаб ҳамл пайдо мешавад. Рӯз аз пайи рӯз мегузараду моҳ аз пайи моҳ. Оқибат пас аз нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзу нӯҳ соат зани умедворро дарди зоиш мегирад. Оҳ мегӯяду воҳ мегӯяду аз Худо роҳ металабад. Бо мадади Парвардигор бе шикасту рехт тифли сарсиёҳаке ба дунё меояд. Худоё, он чизе, ки мо сари сиёҳ номидем, сар не, балки дегча буд. Яъне каллай ба дегча монанд, не, балки дегчаи ҳақиқӣ буд. Мард ин ҳолатро дида, қариб талҳакаф мешавад. Зан ҳам пок қолаб тиҳӣ мекард. Аммо гиряи Дегчаи навзод падару модарашро ба худ меоварад. Онҳо хости Худо ҳамин будааст. Ба ҳар ҳол мо ҳар чӣ талбидем, Раззоқ ҳамонро дод, ноумед накард, гуфта шукр мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё