Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

рифт. Лекин ту дар ҷойи бегона бе ману хоҳарбузургам будан намехостӣ. Дар миёни чор сол чанд карат бурдиву овардият? Ҳар дафъа тӯҳфае-бозичае, либоси наве ваъда медодӣ ва аксаран ба ваъда вафо мекардӣ. Аммо ягон арӯсаки урусӣ ҷойи луфтаки урфиро наметавонист гирад. Бозичаҳои магозинӣ зуд ба дилам мезаданд. Афсонаҳои модаркалон ҳамеша наву тару тоза метофтанд. Ман онҳоро ба гӯши ҷон мешунидам.

Он солҳо автобусе миёни Сӯҳу Риштон рафтуо мекард, ки бисёр хӯрд буду дорои як даромагоҳ. Одатан мусофири зиёде мегирифт. Раҳораҳ аз деҳаҳои қирғизнишин низ мардуми зиёд мебаромаданду мефуромаданд. Ин ҳол басе дилгиркунанда буд. Хусусан дар ағбаи Давон вазъи мусофирони автобус хеле бад мешуд. Мошин ба ағба сангпуштвор часпида мебаромад, ҳавои салони басе бадбӯю гарм мешуд, дил беҳузур мегардиду сар ба дард медаромад. Мошин бо азобе ба Санги арӯс мерасиду мо нафаси тоза мекашидем. Чунки дар ин мавзеъ одатан мусофиркаш чанд дақиқа таваққуф мекард ва ронанда ҳаққи кироя мегундошт.

— Чаро ин ҷоро Санги арӯс мегӯянд? — пурсида будам боре аз ту.

— Намебинӣ, ки ин ҷо арӯсаке санг бастааст, — ва ту ҳикоя оғоз кардӣ:

Овардаанд, ки дар замонҳои қадим аз Сӯҳ ҷониби Риштон арӯс мебурданд. Яке аз байни кӯҳу кӯҳпораҳои дастаи роҳза- нон - дуздони кофир ба қофила ҳуҷум оварданд. Шаҳқиё ва чил нӯкараш ба ҳимояи шарафи хеш бархостанд. Вале киёнӯ- карони таблу сурнайбадаст дар муқобили чил роҳзани хунхор, ки ҳама бо тиру камону теғи паррон мусаллаҳ буданд, оҷиз омаданд. Домоди орзуношикаста ва ёрони содиқаш қатл гаш- танд. Анӯшаву (арӯсу) ду бародарзани ӯ худро дар иҳотаи дуздони роҳзан ноилоҷ диданд. Анӯшаи покдоман ба Офарид- гор нола мекунад, ки “Эй Худо, шармсор накун, наҷотам деҳ, то ба дасти бадкорон наафтам, то барои ҳамеша покизаву ҳалол бимонам!”. Ва бод меғуррад, барқ медурахшад, замину замон ба ларза меояд. Се бонуи хушрӯйу хушнафс санг мебанданд. Се рӯҳи пок ба Ҳақ мепайванданд. Чил роҳзан аз ин ҳол ба

пешина
аз 120
навбатӣ