Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Агентиҳои байналмилалии рутбабандӣ аз усули воқеъбинӣ, мустақилият, бознигарии доимӣ ва шаффофият истифода мекунанд.

Муҳимияти баҳогузории Агентиҳои байнал- милалии рутбабандӣ барои қарзгирон дар он аст, ки он барои гирифтани қарз бо фоизҳои дастрас зарур аст. Бе гирифтани хулосаи чунин Агентиҳо як ширкат, як вилоят ё як давлат наметавонад қоғазҳои қимматноки худро дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш барорад. Баҳои баланди Агентиҳои байналмилалии рутбабандии эътиборӣ дастрасии қарзгирандаро ба гирифтани қарз дар муддати кутоҳ бо фоизи паст ва бо шароити хуб осон мегардонад.

Баръакс баҳои паст гирифтан дар арзёбиҳои эътиборӣ муҷиби гирифтани қарзҳои гаронарзиш мегардад. Аз ин ҷост, ки қарзгирон худ маблағ сарф карда, хулосаи Агентиҳои байналмилалии рутбабандии эътибориро дар мавриди ширкат, вилоят ё давлати худ мегиранд. Профессори Донишгоҳи Кейпи Ғарбии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Метю Кофӣ Окран бо ду сабаб Агентиҳои рутбабандии эътибориро барои кишварҳои рӯ ба рушд ниҳоятан муҳим мешуморад. Якум, ин рутбабандиҳо ҳамчун таҳрики ахлоқӣ амал карда, кишварҳои рӯ ба рушдро маҷбур месозад, то сиёсати пуливу молиявии санҷидашуда ва созандатареро пеш гиранд. Дуюм, рутбаи баландтар ба ин кишварҳо ва ширкатҳои онҳо имкон фароҳам меорад, то дар бозори молиявии ҷаҳонӣ сармоя ба даст оваранд.

Рутбабандиҳои эътиборӣ маҳдуд ба замон буда, пайваста хулосаҳои Агентиҳои байналмилалии рутба- бандии эътиборӣ дар мавриди ҳар як қарзгиранда дигар мешавад. Бо беҳтар шудани вазъи иқтисодиву амниятии як қарзгиранда, эҳтимолияти бозпардохти қарз ва фоизҳои он зиёд гашта, мавқеи қарзгиранда дар раддабандии ин Агентиҳо боло меравад. Агар вазъият бадтар шуд ва эҳтимоли бозгашти қарзҳо камтар шуд, мавқеи онҳо поёнтар меравад. Дар ин ҳолат гирифтани қарз душвор мегардад ва фоизи он боло меравад. Рутбаи иэътиборӣ ба андозаи фоизи қарз таъсири ҷиддӣ мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як зина боло рафтани кишварҳо дар рутбабандиҳои эътиборӣ харҷи фоизи бондҳои онҳоро то 14 дар сад кам мекунад[3]. Таъсири хулосаҳои Агентиҳои эътибориро метавон дар мисоли Бондҳои даҳсолаи давлатӣ дид. Гуфта мешавад, кишварҳои дорои рутбаи баланди сармоягузорӣ метавонанд ин бондҳои худро бо фоизи камтар аз 2,5 фурӯшанд. Масалан, Канада бо рутбаи ААА тавонистааст бо 1,58% солона қарз ба даст аварад, Олмон (ААА) бо 0,58% ва Фаронса (АА+) бо 0,90% . Дар баробари ин кишварҳои дорои рутбаи пасттар ба маротиб қарзи гаронтар мегиранд. Масалан, Юнон бо рутбаи ССС, бо арзиши 8,33% солона қарз ба даст оварда метавонад[5]. Тоҷикистон бошад бо рутбаи В-, бо арзиши 7,125% солона қарз ба даст оварда тавонистааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар соли 2017, бо мақсади дар бозори молиявӣ ба фурӯш баровардани қоғазҳои қимматноки худ, ба Агентиҳои байналмилалии рутбабандӣ муроҷиат кард. Ин барои гирифтани қарз барои идомаи сохтмони НБО-и “Роғун” зарур буд. Ду Агентии байналмилалии рутбабандӣ барои иҷрои ин кор зарур буд ва Standard & Poors ва Moody’s ҷалб шудаанд. Standard & Poors рутбаи Тоҷикистонро дар рутбабандии худ В- бо пешгӯии “муътадил” арзёбӣ кард ва Moody’s онро ба В3, бо пешгӯии “рушди устувор”, баробар донист. Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори молиявии ҷаҳонӣ роҳ кушода, дар моҳи сентябри соли 2017 тариқи фурӯши евробондҳо 500 миллион доллари амрикоӣ маблағи қарз барои идомаи сохтмонӣ НБО-и “Роғун”, бо фоизи 7.125, ба даст овард.

Ҳам рутбаи В- дар Standard & Poors ва ҳам рутбаи В3 дар Moody’s ба қисмати рутбаҳои нисбатан паст дохил шуда, маънои онро доранд, ки додани қарз ба он қарзгироне, ки соҳиби чунин рутба ҳастанд дараҷаи болои хатарро дорад. Дар ҷадвали 7 ба осонӣ дида мешавад, ки баҳои ҳарду Агентӣ баробар қарор дошта тафсири гурӯҳи он нишон медиҳад, ки хатари иҷро нашудани ӯҳдадориҳо баланд аст. Ҳарчанд ба чунин қарзҳо вазъияти номусоиди тиҷоратӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад, вале дар ҳоли ҳозир имконияти бозгашти ӯҳдадориҳои қарзии онҳо вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат, қарз гирифта мешавад, вале бо фоизҳои нисбатан баланд ва шартҳои номусоид. Ин буд, ки қарзи гирифтаи Тоҷикистон бо фоизи нисбатан баланд ба даст омад.

Дар муқоиса, дар ин радабандиҳо Белорусия ва Молдова дар зинаи баробар бо Тоҷикистон қарор доранд. Қирғизистон рутбаи В дар Standard & Poors, В2 дар Moody’s-ро касб кардааст, ки як зина аз Тоҷикистон баландтар буда, ин ҳам маънои дараҷаи болои хатарро дорад. Арманистон бо рутбаи В+ дар Standard & Poors ва В1 дар Moody’s ду зина аз Тоҷикистон боло буда, дар ҳамин гурӯҳ дохил мешавад. Аммо Гурҷистон рутбаи ВВ- дар Standard & Poors ва Ва2 дар Moody’s-ро касб кардааст, ки аз Тоҷикистон чор зина болотар буда, аллакай ба гурӯҳи дигар дохил мешавад, ки дар марзи хатарнокӣ қарор доранд ва дар кутоҳмуддат бехатар ҳастанд, ҳарчанд дар дарозмуддат аз тағйирёбиҳои тиҷорӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ таъсирпазир ҳастанд.

Факторҳои зерин ҳамчун омили муайянкунандаи рутбаи эътиборӣ шинохта мешаванд:

1. Сатҳи қарзгирии солонаи давлат. Агар он то 10 дар сади ММД бошад муътадил аст ва таъсири манфӣ ба эътибори қарзӣ намерасонад. Вале агар аз 10 дар сад зиёд шуд, метавонад таъсири манфӣ расонад.

2. Ҳаҷми қарзи давлатӣ. Албатта ҳаҷми қарзи давлатӣ барои ҳама якранг таъсир намерасонад. Баъзе кишварҳо бо 30 дар сади ММД қарз доштан рутбаи пастро касб кардаанд (Тоҷикистон (В-)), ва кишвари дигар метавонад бо зиёда аз 80 дар сад ҳам рутбаи баландро дошта бошанд (Фаронса(АА+)). Бо вуҷуди ин, ҳаҷми қарзи давлатӣ ҳангоми рутбабандии эътибории кишварҳо нақши муайянкунанда дорад.

3. Дурнамои рушди иқтисодӣ. Пешбиниҳои рушди иқтисод дар рутбабандии эътиборӣ нақши ҳалкунанда доранд. Агар заминаҳои рушд фароҳам бошанд ва интизориҳои хушбинона вуҷуд дошта бошанд, пас ин ба манфиати қарзгиранда аст. Вале агар дар пеш рушди ночиз ё рукудро интизор бошад, рутбаи қарзгиранда паст мегардад.

4. Хароҷот барои пардохти фоизи қарз нибат ба ММД. Новобаста, аз зиёдшавӣ ё камшавии ҳаҷми умумии қарз, агар дар натиҷаи иваз шудани сохтори он, хароҷот барои пардохти фоизҳои он зиёд гардад, ин таъсири манфӣ мерасонад. Вале агар хароҷот барои ин мақсад кам шавад, таъсири мусбат расонда, рутбаи эътибории қарзгирандаро боло мебарад.

5. Боваринокӣ. Кишварҳои бо собиқаи хуби қарзгирӣ, ки дар таҷрибаи худ боре муфлис нашудаанд, эътибори қарзгирии зиёд доранд. Кишварҳое, ки таҷрибаи кам доранд ё дар таҷрибаи худ муфлис шудаанд, эътибори қарзгирии камро касб мекунанд. Боварӣ дар ин ҷода ҷойгоҳи хоси худро дорад.

6. Давомнокии қарзҳо. Агар аксарияти қарзҳои як кишвар қарзҳои дарозмуддат бошанд ин имкони идораи хуби онҳоро дода, ба рутбаи он кишвар таъсири хуб мерасонад. Баръакс агар бештари онҳо кутоҳмуддат бошанд ва дар давраи наздик бояд супорида шаванд, ин мушкили ҷалби қарзҳои дигарро дар пай дошта, таъсири бади худро ба эътибори қарзӣ мерасонад.

7. Амнияти сиёсиву иқтисодӣ. Амният яке аз омилҳои муҳими муайянкунандаи сатҳи эътибори қарзӣ аст. Кишварҳои амн назар ба кишварҳои ноамн имкони бештари боло бурдани рутбаи эътибории худро доранд.

8. Ҳаҷми содироти молу хизматрасониҳо. Содироти зиёд даромади асъори хориҷиро зиёд карда, имкониятҳои бештарро барои баргардонидани қарзҳо фароҳам меорад.

9. Гуногунсамт сохтани содирот. Ҳам маҳсулоти содиротӣ ва ҳам бозорҳои беруна бояд гуногунсамт бошанд. Пойбанди як маҳсулот ё як бозори фурӯш будан хатарҳоро зиёд карда, ба эътибори қарзӣ халал ворид мекунанд. Яъне “набояд ҳамаи тухмҳо дар як сабад гузошта шаванд”.

10. Омодагии масъулони ҳукуматӣ барои баргардонидани қарз, фоизи он ва расонидани маълумоти пурра. Ҳамаи маълумотҳои вобаста ба ҳолати молиявӣ метавонанд ба дасти дигарон расанд ва бо дигар кишварҳо муқоиса шавад. Ҳар ҳукумате бояд омода бошад, ки шаффоф кор кунад ва ҳолати молиявии худро дар назму низом нигаҳ дорад.

Хулоса ва пешниҳодҳо

Идораи дурусти қарзи хориҷӣ ва ҷойгоҳи баланди як кишвар дар рутбабандии эътиборӣ худ ба худ наметавонад рушди босуръати як кишварро таъмин кунад. Вале дар баробари дигар сиёсатҳои дуруст, тақвият бахшидани ин унсурҳо роҳро барои рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии як кишвар ҳамвор месозад. Кишварҳо новобаста аз сатҳи тарақиёти худ ниёз ба воситаҳои бозори молиявӣ доранд. Тоҷикистон ҳам истисно нест ва акнун дастрасӣ ба бозори молиявии ҷаҳониро пайдо кардааст. Новобаста, аз зиёд будани баҳраи қарзи ба даст омада, ин ҳодиса як пешравӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар оянда ин кор идома хоҳад ёфт. Таҳлил ҳам нишон дод, ки мушкили аввалиндараҷа дар ҳоли ҳозир паст будани мавқеи Тоҷикистон дар радабандии Агентиҳои байналмилалии рутбабандии эътиборӣ мебошад. Бинобар ин, аз ҳоло зарурати баланд бардоштани рутбаи эътибори қарзии кишвар ба миён омадааст.

Ҳарчанд Агентиҳои байналмилалии рутбабандии эътиборӣ хизматрасониҳои машваратӣ надоранд, аммо метавон аз рӯйхати факторҳое, ки онҳо дар арзёбии эътибории кишварҳо ба кор мебаранд, истифода карда, бо бартараф кардани камбудиҳо дар онҳо, эътибори қарзии кишварро ба зинаҳои баландтар расонид. Дар робита ба ин:

Пеш аз ҳама бояд ҳаҷми умумии қарзи давлатиро назорат кард, то фоизи зиёдшавии солонаи он на бештар аз рушди солонаи ММД бошад.

Солҳои охир рушди иқтисоди Тоҷикистон 6-7%-ро ташкил додааст. Бо қадри имкон раванди ҳозираи рушди иқтисодӣ нигаҳ дошта шавад, то дурнамои хуберо дар ин ҷода дошта бошем.

Барои баданд бардоштани сатҳи боваринокии сармоягузорон ба низоми моливию бонкдории кишвар, назорати ин низомҳоро пурзӯр карда, шаффофият ва самаранокиро дар ин соҳа таъмин кард.

Амнияти сиёсию иқтисодие, ки дар соли 2015 пурра ба даст расид, нигаҳ дошта шавад. Амният сатҳи боварии сармоягузоронро баланд мебардорад, вале агар заминаҳои он тақвият дода нашавад, ин мушкилро ҳал намекунад. Заминаҳои он таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум ва таъмини шуғли шоиста барои онҳо мебошанд. Мубориза бо ришвахорӣ ва кам кардани он роҳи муҳимтарини таъмини амнияти молӣ дар Тоҷикистони муосир аст. Воқеан, ин вабо монеаи асосӣ барои рушду пешрафти ҳама соҳаҳо дар кишвар мебошад ва рутбаи эътиборӣ аз ин рӯйхат истисно нест. Наметавон дар радабандии ришвахорӣ ҷойгоҳи паст дошта, дар радабандии эътибори қарзӣ ҷойи баландро соҳиб шуд.

Баланд бардоштани содирот ва гуногунсамт кардани онро ба аҳдофи аввалиндараҷаи мақомоти марбута табдил дода, кушиш ба харҷ дода шавад, то дар ҳаҷми умумии содирот, саҳми ашёи хом кам карда шавад ва саҳми маҳсулоти коркардшуда зиёд гардад. Ба кор даромадани аввалин чархаи НБО-и “Роғун” дар ноябри имсол дар ин ҷода кумак хоҳад кард.

Сохтори қарзи давлатӣ бе тағйирот монда наметавонад. Кушиш ба харҷ дода шавад, ки ин тағйирот баҳраи онро зиёд накунад ва хароҷот барои пардохти фоизҳоро дар сатҳи нисбатан паст нигаҳ дошта, муҳлати қарзҳо ҳар чӣ дарозтар карда шавад.

Фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба қарзҳои берунӣ дар ростои мудирияти қарзи хориҷӣ то дараҷае норавшан аст. Чуноне ки Удайбир С ва дигарон, дар мақолаи тадқиқотии худ таҳти унвони “Мудирияти қарзи давлатӣ ва нақши он дар эътидоли молиявӣ”, ки дар декабри соли 2010 таҳти сарпарастии Сандуқи байналмилалии пул ба нашр расидааст, мегӯянд: “Мудирияти қарзи давлатӣ ҳамчун фактори муҳиме шинохта шудааст, ки асоси боваринокӣ ва обируи як кишвар ва таъмини шароити мусоиди молиявии сохторҳои давлатии бадастоварандаи қарзро ташкил медиҳад”. Бинобар ин, зиёд кардани шаффафият дар фаъолияти Комиссияи мазкур ба манфиати кор дар ин соҳа мебошад. Шахсони аввали масъул дар ин Комиссия бояд мутахассисони дараҷаи баланд бошанд ва онҳоро мардум шиносад. Дар ҳолатҳои бурд ё бохт маълум бошад, ки гунаҳгори асосӣ кист ва аз ӯ ҳисобот талаб карда шавад. Тасмимгириҳои ин мудирон дар боло бурдани рутбаи эътибории давлат таъсир мерасонад. Агар тасмимҳои дуруст гирифта шавад, дастрасӣ ба бозори молиявии ҷаҳонӣ осонтар мегардад, ки ин заминаи рушди устувори кишвар хоҳад гашт.

Ислоҳот дар сохтори идораи давлатӣ аз солҳои аввали расидан ба сулҳ оғоз шуда, ҳоло ҳам идома дорад. Ба мақсад мувофиқ хоҳад буд, агар дар идомаи ин раванд, факторҳои таъсиррасон ба рутбаи эътиборӣ ба назар гирифта шаванд. Мудирони қарзи давлатӣ пешниҳодҳои мушаххаси худро омода сохта, ба ҳама сохторҳои дахлдори давлатӣ равон созанд. Баланд бардоштани рутбаи эътиборӣ кори муштараки ҳама сохторҳо буда, ягон сохтор дар танҳоӣ наметавонад онро баланд бардорад. Баланд бардоштани эътибори қарзӣ дар навбати худ, имкон медиҳад, ки аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда аз пардохти фоизҳо, дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ бартараф карда шаванд.

пешина
аз 21
навбатӣ