ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.
зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа
Сатҳи рутбаи эътиборӣ қарзӣ ва таъсири он ба арзиши қарзҳои давлатӣ
Пешгуфтор
Қарзӣ давлатӣ маҷмуи ӯҳдадориҳои давлат дар назди аҳолӣ, давлатҳои хориҷӣ, ширкатҳои хориҷиву ватанӣ ва созмонҳои гуногуни байналмиллалӣ мебошад. Сабаби асосии пайдоиш ва ташаккули қарзи давлатӣ мавҷудияти касри буҷет аст, яъне вақте хароҷоти буҷети як кишвар аз даромади он зиёд мегардад, он давлат асосан рӯй ба гирифтани қарз меорад. Ба таври дигар гуфтан мумкин аст, ки қарзи давлатӣ ин маҷмуи касри буҷет дар солҳои гузашта аст, ки давлат барои пӯшонидани он вом гирифтааст ва онҳоро то ҳол пас нагардондааст. Сармоягузориҳои давлат ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ яке аз сабабҳои муҳими дигари ба вуҷуд омадани қарзи давлатӣ мебошад. Рушди пайвастаи иқтисодӣ ҳадафи ҳар як кишвар аст ва дар ин раванд давлатҳо новобаста аз сатҳи тарақиёт ва сарватмандӣ ба қарз эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳама кишварҳо қарзи давлатӣ доранд ва масъалаи мудирияти дурусти он дар пеши ҳар як кишвар меистад. Мудирияти дурусти қарзи давлатӣ яке аз роҳҳои муътадил нигоҳ доштани низоми молиявӣ мебошад, ки асоси рушду пешрафти ҳар кишвар аст. Яке аз нишондиҳандаҳои дурустии мудирияти қарзи давлатӣ ин ҷойгоҳи як кишвар дар раддабандии Агентиҳои рутбабандии эътибори қарзӣ мебошад. Чунки он фоизи қарзҳои гирифташударо муайян мекунад ва ба арзиши ин қарзҳо таъсири назаррас дорад.
Муҳимияти мавзӯъ:
Маълум аст, ки қарз гирифтан хароҷоти муайян дар шакли фоизро дорад ва ин хароҷот дар мисоли қарзи давлатӣ бори души буҷет мегардад ва як қисмати хароҷотии дигар дар буҷети бе ин ҳам камбудидошта ворид мегардад. Албатта ин маъно надорад, ки давлат бояд ҳатман аз қарз гирифтан даст кашад ва касри буҷетро бо дигар роҳҳо пӯшонад, ба монади бардоштани фоизи андозҳо ё кам кардани қисмати хароҷотии буҷет. Чунки дар ин ҳолат мушкилоти дигар пеш меояд, аз қабили муфлис шудан ва аз кор мондани субъектҳои андозсупоранда ва ё бад шудани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ. Бинобар ин, масъалаи асосӣ даст кашидан аз гирифтани қарз нест, балки мудирияти дурусти он аст, ки шароити мусоидро барои дастрас кардани қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои паст фароҳам мекунад. Дар Сатратегияи идораи қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аҳдофи давлат, ҷалби қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат бо фоизҳои паст, муайян карда шудааст, ки барои пешгирии вазниниҳо ба буҷети давлатӣ нигаронида мешавад.
Қарзҳои хориҷие, ки то имрӯз мавҷуд буданд фоизи нисбатан паст ва муҳлати дароз доштанд, ки ҳолати қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муътадил нигоҳ медоштанд. Ин мудирияти дурусти қарзи давлатӣ дар солҳои гузаштаро нишон медиҳад, ки сарчашмаҳои он қарзҳо кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ буданд ва дар асоси шартномаҳои давлатӣ бо онҳо дастрас мешуданд. Барои гирифтани ин қарзҳо хулосаи Агентиҳои байналмиллалии рутбабандии эътибори қарзӣ лозим набуд. Аммо дар авохири соли 2017 Тоҷикистон ба хотири дарёфти маблағҳои қарзӣ барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи Барқӣ-Обии “Роғун”, бори нахуст дар таърих ба бозори молиявии ҷаҳонӣ баромад. Барои ба фурӯш баровардани қоғазҳои қимматноки давлатӣ ё бондҳо, хулосаи Агентиҳои байналмилалии рутбабандии эътиборӣ зарур буд. Тоҷикистон аз ду Агентӣ хулоса гирифт, ки онҳо рутбаи нисбатан пастро ба Тоҷикистон доданд. Дар натиҷа Тоҷикистон бо фурӯши евробондҳо 500 миллион доллар маблағи қарзӣ ба даст овард, ки баҳраи солонаи он 7,125% ва муҳлати баргардонии он 10 сол мебошад. Дар муқоиса ба қарзҳои қаблӣ, ин қарз бо фоизи баланд буда, хароҷоти умумии буҷаи давлат барои пардохти фоизи қарзҳои хориҷиро тақрибан ду баробар зиёд мегардонад. Бинобар ин, масъалаи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар рутбабандии Агентиҳои байналмилалии рутбабандии эътиборӣ имрӯз муҳим ба назар мерасад. Омӯзиши ин масъала ва муайян ва бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда дар ин соҳа дар вазъияти имрӯза муҳим аст. Ба ин хотир, ки дар оянда онҳо бартараф карда шаванд ва қарзҳое, ки дар оянда барои сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим ҷалб карда мешаванд бо фоизҳои нисбатан пасттар бошанд, то вазнинии иловагӣ ба бе ин ҳам буҷаи касрдоштаи мо наоранд. Ин мавзӯъ бояд мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, кӯшиш карда шавад, ки роҳу усулҳои беҳтар кардани вазъият пайдо карда шавад.
Мақсад ва вазифаҳо
• Муайян кардани ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон ва муқоисаи он бо нишондиҳандаҳои дигар. Аз ҷумла муайян кардани ҳаҷми қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД, нисбати он ба ҳаҷми содироти молу хизматрасониҳо, нисбати он ба даромади умумии буҷет ва ҳаҷми қарз бар сари ҳар шаҳрванд.
• Муайян кардани ҳаҷми маблағҳое, ки аз буҷаи давлат ҳамҷун баҳраи қарзҳои хориҷии давлатӣ сарф карда мешаванд. Муқоисаи он бо хароҷоти давлат ба соҳаҳои алоҳида.
• Муқоисаи нишондиҳандаҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд кишварҳои дигаре, ки бо Тоҷикистон қобили муқоиса ҳастанд.
• Муайян кардани ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рутбабандиҳои Агентиҳои байналмилалии рутбабандии эътиборӣ, муқоисаи он бо кишварҳои дигар ва муайян кардани нуқтаҳои заъфи Тоҷикистон ва бартариҳои кишварҳои дигар.
• Коркарди пешниҳоду тавсияҳо бобати беҳтар кардани сатҳи рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистон ва кам кардани таъсири манфии қарзи давлатӣ ба буҷети кишвар.
Усулҳои таҳқиқ:
Дар ин матлаб асосан аз таҳлили муқоисавӣ истифода карда мешавад. Таҳлили маълумотҳои омории ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, таҳлили маълумотҳои пешниҳодкардаи дигар муҳаққиқон, омӯзиши ҳуҷҷатҳо ва қонунҳои вобаста ба мавзӯъ, таҳлили маводҳои рӯзномаву маҷалаҳо.
Манбаъҳои истифодашаванда: Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қарзи давлатӣ, сохтори он ва ҳудудҳои ҳаҷми маблағҳои қарзӣ, Ҳисоботҳои Вазорати молияи ҶТ доир ба вазъи қарзи давлатии Тоҷикистон дар солҳои гуногун. Сомонаҳои созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ. Дастуру қоидаҳои фаъолияти Агентиҳои байналмилалии турбабандии эътиборӣ. Матлабҳои рӯзномаву маҷалаҳои гуногун доир ба мавзӯъ.
Таҳлили ҳолати қарзи давлатӣ барои арзёбии вазъияти мавҷуда
Идораи дурусти қарзи давлатӣ ва истифодаи мақсадноки он яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад. Қарзи давлатӣ, ки асосан барои пӯшонидани касри буҷет ва маблағгузории соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ гирифта мешавад, набояд то он дараҷа зиёд ё гаронарзиш бошад, ки барои хизматрасонии он харҷи зиёд шавад ва таъсири манфии он ба рушди иқтисод ва сатҳи зиндагии аҳолӣ расад. Роҳҳои гуногуни арзёбии ҳолати қарзи давлатӣ вуҷуд доранд, ки умдатарини он ҳаҷми қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД мебошад. Бо вуҷуди он ки аз ин усул зиёд истифода мешавад ва ҳадди болоии гирифтани қарз ҳам бо ҳамин усул муайян мешавад, ҳаҷми қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД тасвири пурраи қарзи давлатиро ифода намекунад. Бинобар ин, коршиносон аз усулҳои дигари арзёбии қарзи давлатӣ ҳам истифода мекунанд. Ба монанди ҳаҷми қарз бар сари ҳар як шаҳрванд, муқоисаи хароҷотҳои буҷет барои хизматрасонии қарзи давлатӣ бо хароҷот ба соҳаҳои алоҳида (маориф, тандурустӣ ва ғайра), нисбати ҳаҷми қарзи давлатӣ ба даромади умумии буҷет, нисбати он ба ҳаҷми содироти молу хизматрасониҳо ва ғайра.
Дар Ҳисоботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати қарзи давлатӣ барои соли 2016 омадааст, ки шумораи умумии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 152 адад буда, баҳраи онҳо аз 0.15% то 3%- солона, муҳлати имтиёзноки онҳо аз се то даҳ сол ва муҳлати бозпардохти қарзҳо аз 15 то 40 солро ташкил медиҳад. Аммо ин ҳолат тадриҷан дорад дигар мешавад.
Қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 2017 ба 2 миллиарду 879 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда дар соли 2016 2 миллиарду 274 миллион доллари амрикоиро ташкил мекард. Ҷадвали 1 қарзи хориҷиро дар даҳ соли охир нишон медиҳад.
Ҷадвали 1. Қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ соли охир
Миллион доллари ИМА шудааст. Танҳо дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 камшавӣ ба назар мерасад. Агар дар соли 2008 ҳаҷми қарзи давлатӣ ба 1371.4 миллион доллари ИМА баробар буд, дар соли 2017 ин нишондиҳанда зиёда аз ду баробар боло рафта, 2879.01 миллион доллари амрикоиро ташкил кардааст. Динамикаи қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсоли охир дар диаграмаи 1 дода шудааст.
Нисбати қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ин даҳ сол дар ҷадвали 2 нишон дода шудааст.
Мувофиқи стратегияи идораи қарзи давлатӣ барои солҳои 2015-2017 ҳадди болоии қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2017 дар сатҳи 40 дар сади ММД муайян шуда буд. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар ҳудуди то чил дарсади ММД будани қарзи хориҷӣ, хатари ҷиддие ба буҷети давлат, сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисод вуҷуд надорад. Ин нишондиҳанда то авохири соли 2017 муътадил нигаҳ дошта мешуд ва он дар соли 2016 ба 32.7 дар сад баробар буд. Вале дар охири соли 2017 ин нишондиҳанда ба 40.3 дарсад расид, ки ин хароҷоти буҷет барои пардохти фоизҳои қарзи берунаро дар соли 2018 ду баробар зиёд мекунад.
Аз ҷадвали 2 бармеояд, ки аз соли 2010 то соли 2014 Нисбати қарзи давлатӣ ба ММД рӯ ба поён ниҳода ин нишондиҳанда агар дар соли 2009 35.8 дарсадро ташкил мекард, дар соли 2014 он ба 22.7 дарсад расидааст. Сабаби ин коҳишёбӣ рушди пайдарпайи ММД ва дар барбари ин муътадил нигаҳ доштани ҳаҷми қарзи давлатӣ мебошад. Аммо аз соли 2015 ин нишондиҳанда рӯ ба афзоиш ниҳода дар охири соли 2017 он марзи 40 дар садро убур кард. Динамикаи тағйирёбии нисбати қарзи хориҷӣ ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар диаграмаи 2 оварда шудааст.
Новобаста аз камшавии нисбати қарзи давлатӣ ба ММД, хароҷоти давлат барои хизматрасонии он дар тули ин солҳо дар маҷмуъ зиёд шудааст. Танҳо дар соли 2010 нисбат ба соли 2009 ин нишондиҳанда ба таври назаррас кам шудааст ва дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 он ба таври ночиз кам шудааст. Ҷадвали 3 хароҷоти давлат барои хизматрасонии қарзи хориҷиро нишон медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё