Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан
  • Карима, Олим - Олима... Валӣ буд, мана, акнун Валия ҳам пайдо шуд. Маънои Валия бисёр баланд! Беҳуда Усмиддин туро интихоб накардааст. Бояд номи инсон дар баробари ҷисмаш зебо бошад.

Модарҷон, ту ин гапҳоро барои кӣ мегуфтӣ? Охир, Валя аз суханҳои ту чизе намефаҳмид. Вале ӯ беист табассум мекард ва изтироби дилашро базӯр пинҳон медошт. Шояд вай дар шахси ту ҳамдиле ёфта буд. Ӯ намепурсид, ки он марди шофбурут кист ва аз ӯ чаро, ҳатто, «мама»-ву «папа» тарсиданд? Зоҳиран арӯс аз рӯйи фаросат дарёфта буд, ки ин ҷо гап дар сари анъанаҳои миллист. Касе ҳаст, ки урфу одатро пушти по задан намемонад...

Ҳамон рӯз то шом ту ба хона ҳеҷ касро, ҳатто, акои Усмиддинро роҳ надодӣ. Дарро аз дарун баста ба Валия калимаи шаҳодат омӯзондӣ. Ҳарчанд акои Усмиддин мегуфт, ки мо қонунан зану шавҳар ҳастем, ту аз рӯйи шариат амал карданро талаб доштӣ. Мулло оварданд ва урусдухтари мусулмоншуда - Валия, духтари Юсуфро, ки либоси арӯсии миллии тоҷикӣ дар бар карда буд, ба Усмиддин, писари Ҷӯра, никоҳ карданд. Сипас доираву рубоб садо дод. Сурру тамошо шуд ва арӯсу домодро ба шабистон - хонаи ҷодару сӯзаникашида дароварданд.

  • Урусҳо одамои дилсофу бекина, одамои нагзанд, - мегуфтӣ ту.

  • Ҳо. Якаш уруси Андрей-дия. Чанд сол дар деҳаи мо зиндагӣ карда, ба ҳама ёвару мададгор шуда буд, - гуфтӣ туро тасдиқ мекард зане.

  • Уруси аком дигар буд. Ягон урус ба вай баробар шуда наметавонад.

  • Рост мегӯед. Дар воқеъ, ҳоло уруси Андрей куҷо бошад?

  • Дар Томск гуфтанӣ шаҳр. Ҳоло вай дар он ҷо одами калон шудагӣ.

  • Илоҳо, омин, баракати умраша диҳад.

пешина
аз 208
навбатӣ