Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Садои зангӯлаҳо

  • Бибиҷон, тагоямро ҳанӯз ҷавон меҳисобед магар, ки ҳамеша барояшон ташвиш мекашед?

  • Фарзанда калону хурдаш намешавад, бачам. Ташвиш - будагӣ гап. Лекин ӯро замона барвақт ба воя расонид. Нури чашми ман хеле бармаҳал ба санҷишҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ омад.

  • Яъне?

  • Оҳ, ҷони бибие... Ту ҳозир ба чанд даромардӣ? Ба понздаҳ қадам мондӣ? Бигӯй, ки дар зиндагӣ чӣ дидӣ? Ба мардум чӣ фоида расондӣ?

  • ...

  • Вале тағойи ту дар ин синну сол дар ҷанги Гирмон ҷонбозӣ мекард!

  • Аҷаб... Рост мегӯед?

  • Кай дурӯғ гуфта будам? Гӯш кун. Соле, ки ҷанг сар шуд, ӯ нав сездаҳро пур карда буд, вале бо тақозои замона баъди дарс ба саҳро баромада, дар баробари калонсолон дос мекашид, каланд мезад. Бобоят аз тарбод шикоят мекард. Вай бригадири колхоз буд.

Мардони хузарбро пасу пеш ба ҳимояти Ватан бурданд. Хаёлам, баъди онҳо ягона бобои ту марди коршоям ва соҳиби хату савод буд, ки ҳам зану кӯдакон ва пирони фартутро роҳбарӣ мекарду ҳам ҷуфти гов меронд. Тобистони соли 1942. Бо сабаби он ки муаллимони мактаби ҳафтсолаи деҳаи мо ба ҷабҳаи ҷанг рафтанд, муваққатан таҳсил қатъ ёфт ва талабагон ҷойи падарони ҷанговари хешро дар ҷабҳаи меҳнат гирифтанд. Албатта, бобои ту, ки он айём чилу дусола буд, сарвари зану кӯдакон шуданро ба худ ор медонист. Ба ҷанг рафтан мехост, аммо ғайричашмдошт ӯро «брон» карданд.

  • Ин чӣ маъно дорад, бибӣ?

  • Чӣ хел фаҳмонам... яъне ... носолимиашро ба ҳисоб гирифтанд, ё саводашро, ки бобоятро дар ақибгоҳ мононданд. Ин ба баъзеҳо сахт расид, бинобар ин, ба боло аризанавиштанд, ки «Мулло Ҷалол бо ҳар роҳ худро «брон» кунонду синни писари болиғашро хурд нависонд, то ба фронт наравад.»

пешина
аз 208
навбатӣ