Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ба падарам «хуб» гуфтаму ҷуръати ба хона даромадан накарам, чун тоқати дидани манзараи хузнангезро надоштам. Метарсидам, ки дар пеши назарам шамъи рӯйи додари зебои ман хомӯш гардад... Аз ҷиҳати дигар бовар надоштам, ки то омадани духтур додарам зинда мемонад. Охир, одам бо хун зиндааст, аллакай як дастшӯй хунро ба кунҷи девор рехта, он дастшӯйро, ки зиёда аз ним литр об мебурд, боз ба зери димоғи додаракам медоштанд. Вақт мерафт. Роҳи Ҳайдаркандро ҳаждаҳ километр мегуфтанд, яъне, рафту омад, сию шаш километр. Ин масофа ҳазл нест! Бо ин фикру хаёл надониста мондаам, ки аллакай ба чаркандаи шинос расидаам. Бовар кун, ҳуш дар сар надоштам, аммо пойҳоям маро ҷониби косаи сар мебурданд. Ба бероҳае часпидам, ки рӯзона дили гурдаи баромадан пайдо намекардам. Бехи гӯшам ғиппӣ гирифта буд, чизеро намешунидам. Чашмонамро низ сахт пӯшида будам. Фаразан чашмво мебудам ҳам, чизеро дида наметавонистам, чун торикшаб буд. Ман таваккал бар Худо пеш мехазидам. Аҷаб, ки поям хато намерафт, намелағзидам. Яке ҳис кардам, ба бехи дарахти зардолуе расидаам, ки ба решаи аз хок беруншудаи он косаи сар дармонда. Чашм кушода, базӯр ташхис кардам, ки тахминам дуруст аст. Нафаси озод кашидам ва чанд навдаи шохаи ниҳоли олучаеро, ки басе чандир аст, ба дасти чап печонида, ба чарканда ҳамоил шудам ва дасти рост ба косахонаи чашми ҷумҷума андохтам, ки шояд ба даври Одаму Ҳавво мутааллиқ буд...

– Боз мегӯянд, ки Ровон деҳаи нав аст...

– Нафаҳмидам?

– Қиссаро давом деҳ, очаҷон.

– Пас, миёни гапро чӣ мебурӣ?

– Бубахш...

– Танҳо баъде ки аз роҳи Такоб берун шудам, ба худ омадам. Яъне, акнун ба дил тарсу ваҳм роҳ ёфта, гӯиё қаҳрамонҳои афсонаҳои Робия - деву аҷинаҳо ҳама ҷон гирифта буданду гирд-гирдам рақскунон ашӯла мехонданд. Ҳама ҷисми яксон, сару рӯйи шабеҳи ҳам

пешина
аз 208
навбатӣ