Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
истодаасту бо дасти дигараш косахонаи сари одамро дошта қох-қоҳ механдид. Қариб ҳуш аз сарамон парида буд.
Ман рӯзи дигар ин воқеаро ба муаллимамон гуфта додам. Ӯ лаҳзае ба фикр фурӯ рафт ва ин рубоиро хонд:
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак зи баҳри коре будаст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
Ва чунин шарҳ дод:
– Бесабаб ҳаким Хайём ин рубоиро насороидааст. Зеро дунёи пир воқифи ҳодисаҳои зиёдест. Аҷабе нест, агар дар ҳар ваҷаб хоке, ки ба он пой мегузорем, садҳо ҳазор инсонҳо хуфта бошанд. Мусаллам аст, хоки он ҷое, ки ту мегӯйӣ, бо таъсири боду борон канда шуда, косаи сари одами аҳди пешин рӯй задааст.
Ҳуллас, асрори дар камари Такоб пайдо шудани он ҷумҷумаи одамӣ барои ман ифшо шуда буд. Он шаб, ки Абдусалом ба сабаби хуни зиёд талаф додан аз ҳол мерафт, дунё ба назарам торик шуда буд. Шояд шунида бошӣ, ки падару модари ман бачамур буданд. Пеш аз он ки мо - чаҳор нафарро ёбанд, ҳашт писару духтарашонро ба хок додаанд.
– Бобову бибиям азоби зиёд дида будаанд.
– Ба гуфтан осон, бачам... Ба ҳар ҳол, занҳо, бо вуҷуди ҷисми заифу латиф доштан, одатан, гиряву оҳу вой гуфта, губори дарду ғамро аз дил мебароваранд. Мардҳо аз ботин тамом мешаванд. Он рӯз вазъи саломатии додаракамро дида, ба падари бедодару хоҳарам зиёдтар дилам сӯхт. Табиб аз дармоне ном гирифт, ки бовар карданӣ набуд. Падарам ин ҳамаро кори хурофотие шумурда, берун баромаданд. Ман ҳам барои дилпурӣ аз пасашон берун шудам. Дидам, ки аспро аз собот берун оварда истодаанд, пурсидам:
– Додо, куҷо меравед?
– Барои овардани духтур ба Ҳайдарканд меравам. Ту аз пеши модарат як қадам дур нашав, духтарам. Ман кӯшиш мекунам, ки сари вақт духтурро гирифта биёрам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё