Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
доштанд, аз даридаҳои кафан, дасту пояшон, қабурғаҳои сап-сафедашон намоён буд, ҷоғи болову поёнашон бо суръати тез ба ҳам мехӯрд. Вале ман бо тамоми неру ба пеш метохтам. Чун ба ҳавлиамон расидам, он ҳама деву ачинаҳои искелетнамо дар пушти дар монданд ва ҳис кардам, ки ҷоғи болову поёни худам беист ба ҳам мехӯранд. Ман саропо меларзидам...
— Бибиҷонам гуфта буданд, ки он шом ҳозирин барои аз гӯри куҳна ёфта овардани косаи сари ҳазорсола ба духтарча таҳсину офарин мегуфтанд, аммо ду тан хомӯшона аз пайи тафсондани косаҳои сар буданд: табибу Анзуратпошои ман!
— Бовар кун, ҳамон лаҳзаҳо ҳам вуҷудам аз дарун меларзид, аммо чунон вонамуд мекардам, ки аз чизе тарсе надорам. Воқеан, он лаҳзаҳо фикри ман ба тезтар боздоштани хуни бинии додари ба ҷон баробарам банд буд.
— Оҷаҷон!
-Ҷон!
— Ман аз мардсифатии ту мефахрам! Кош ман ҳам ба мисли ту корҳои мардона карда метавонистам...
— Моҳӣ-ҷӣ, бачам. Рафтори мардона ба мардҳо мезебад. Агар ба мағзи гапам расӣ, зани занон бош. Бибӣ Гулсумам мегуфт:
Шеразан пушти гавора,
Гандазан дар шаҳр овора...
— Ту шерзан астӣ, оҷаҷон!
Ҳоло сари таълифи ин ҳама хотираҳо нишастааму манзараҳое пеши назарам меоянд, ки ҳама ба ҷасорати бемисли ту марбутанд. Ба ёдат ҳаст, модарҷон? Дар овони хурдсолӣ аз уллоси гург метарсидам. Хонаамон, ки наздик
74 Гавора (шеваи Сӯҳ) — га(х)вора, гоҳвора.
75 Авора — овора.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё