Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

— Дар ғайбам кофир мегӯеду дар ҳузурам амак... — хандаи истеҳзоомезе кард пиракӣ, — ҳич гап не,— дубора гапаш оҳанги ҷиддӣ гирифт,— ҳозир мебиёрад ҷумчумаро. Шумо алова сар диҳед, ки ҳар дам ғанимат аст.
— Кӣ мебиёрад?.. — бо ҳарос пурсидам ман.
— Касе, ки бо нияти нек рафт.
Ман ба мисли шахси дар қайди ҷодуафтода як банд ҳезуми зардолую як сатил ангиштсанг ҳозир кардам. Ҳамин ки лаҳҷаҳои ангиштсанг лаъл барин ранг гирифтанд, ғиҷирроқании дарвозаи ҳавлӣ ба гӯш расид ва баъди сонияе Анзуратпошҳои нуҳсола бо ранги парида дар даст косахонаи шикастаи сар пайдо шуд. Ҳама дам ба дарун кашида будем.
— Мана,— ӯ косаи сарро назди оташдон гузошт.
— Ина ту ёфта овардӣ?
Духтарча бо ишорати тасдиқ сар ҷунбонд.
— Ваҳ!
— Аз куҷо?
— Нотарсия бин-а!
— Натарсида гӯри куҳна даромадӣ?
— Натарсида-чӣ, ранги рӯша бинед.
— Худат мебудӣ, таммоната67 тар мекардӣ.
— Дигар аз гӯр намебаромадӣ, гӯй.
Яке гапи дигареро бурида савол медод, изҳори тааҷҷубу таҳсин мекард... Аммо ду тан хомӯшона аз пайи тасфондани косахонаи сар буданд: табибу Анзуратпошҳои ман!
— Додот куҷонда?
— Духтуркобӣ Ҳайдарканд рафтанд.
Назар ба гуфтаи духтурон, ҳарорати баланди оташ рагҳоро васеъ карда, хунравиро зиёд мегардонад. Аммо табиби пир афсун карда буд магар, ё аз илми ғайб буд, вақте ҷумҷумаи ба сони ангиштсанг сурхшударо ба димоғи кӯдак наздик овард, хунравӣ тапа-тақ қатъ ёфт. Ҳанӯз

67 Таммон – танбон, пойҷома.

пешина
аз 208
навбатӣ