Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Э, моне. Вай воситаи аёнӣ барои дарси биология, аз гаҷ сохта шудааст, — кадоме аз ақиб овоз баровард.

– Ман аҳмақ набошам, риштаи ҷони фарзандама ба дасти чунин «табиб» медиҳам? – бобоят бо надомат сар ҷунбонид.

– Додоҷонаш, чиба ҳамеша шаккокӣ мекунед?..

– Ман шаккокам?! Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммаданрасулиллоҳ! Ман шаккокам ё онҳое, ки...

– Додош!!!

– Мабодо устухони сари мурдаи наваду нуҳсоларо биёрем, намешавад? – бо тамасхур ба табиб рӯй овард ӯ.

– Не, намешавад.

– Ҳазорсола бошад-чӣ? – аз паси падараш паст овоз баровард Анзуратпошшо.

– Боз хубтар.

Бобоят бо шаст ба ҳавлии берун баромада рафт. Аз пасаш модарат, ки ҷонаш дар болои падари ҳафтларз буд, давид.

Илёс-кофир, ба фикрам, ба чунин муносибати сарди мардум нисбат ба худаш одат карда буд. Бепарво менишасту ҳар сари чанд латтаи тарро иваз карда, ба пешонаи бемор мегузошт. Ман бетоқат мешудам. Падару духтар куҷо рафта бошанд? Дар ҳавлии берун касе набуд. Аз собот хабар гирифтам. Асп ҳам набуд. Аз чӣ бошад, дилам ором гирифту сари болини писарам баргаштам.

– Ҳамшира, ба оташдон алов монеду як сатил кумули 66 Исфарая ранги лолабарг кунед.

– Барои чӣ?

– Косахонаи сареро, ки гуфтам, суп-сурх метафсонем.

– Чизи набудагия?

– Ба андешаи ман, на кадхудою на кадбону дар ғами ҷони ин тифли бегуноҳ нестанд...

– Инту нагӯед, амаки Илёс, наход ки мо...

66 Кумур — ангиштсанг.

пешина
аз 208
навбатӣ