Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
дафтараш қайд кард. Зери лаб чизе гуфта-гуфта кадом як аломатҳоеро навишт. Баъдан китоби муқовачиркинашро кушода, матнеро, ки бо ҳуруфи арабӣ навишта шуда буд, беовоз хонд. Вақте ӯ набзи беморро месанҷид, бобоят ҳам аз дар даромаданд.
– До-до-ҷон... – нимшунаво гуфт Абдусаломи бемадор, ки бо дидани падар чашмонаш андак нур гирифта буд.
– Ҷони додо.
– Мемӯрам...
– Аз даҳонат шамол барад, – гуфтам оҳиста ман.
– Амаки табибат дору медиҳанд, сиҳат мешавӣ, шери падар, – гуфта даст ба пешонии кӯдак гузоштанд.
Медонӣ, барраҷон, одами ғарқшудаистода аз хас мадад мехоҳад. Медонистам, ки бобоят ба ин нимҷамуллю нимҷатабиб ихлос надоштанд. Мегуфтанд, ки на афту намуди худаш ба табиб, на доруяш ба дармоне монанд. Бо вуҷуди ин, чун дар кӯча аз нафаре бемории Абдусалому дар деҳа пайдо набудани духтурро шунидаанд, вазъиятро дарк карда, бо умед ба ҳаракатҳои табиби пир назар меандохтанд. Ҳама дам ба дарун кашида будему бо гуфте, пашша пар занад, шунида мешуд. Ниҳоят, табиб аз муоина даст бардошта гуфт:
– Агар дарҳол ҷумҷумаи мурдаи садсоларо ёбему тафсонда ба димогаш дорем, ҳатман, кӯдак ҷон ба саломат мебарад.
– Нафаҳмидам, ҷумҷумааш чист? – савол кардам ман.
– Косаи сар.
– А?! – ин нидои саволомез аз даҳони қариб ҳама баромад. Чашмони Абдусалом аз ғояти тарс, мегуфтӣ, аз косахонаашон берун ҷаста буданд.
– Ёбу гир! – мегуфт падари бачаҳо тамасхуромез, – дар торикии шаб ба гӯристони куҳна равему гӯреро ковем, ки соҳибаш сад сол пеш ҷон ба Ҷонофарин супорида бошад?..
– Дар мактабамон скелети одам ҳаст, – бо чӣ хаёле ба гуфтугӯ ҳамроҳ шуд Анзуратпошшо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё