Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
тез мешуд. Яхро бо асбоби махсуси ҷумчамонанд рӯйи ликебиҳо тарошида мегирифтанд ва ба рӯяш ширинӣ рехта, ба хӯрандаҳо пешниҳод мекарданд. Фаҳмидӣ?
— Ҳо, фаҳмидам, технологияи зӯр доштаанд-ку ҳалвогарони маҳаллӣ, — гуфтам шӯхиомез ман.
— Ба онҳо технулуг-пехнулуг лозим набуд. Ҳар чӣ аз қандолотгарони пешин омӯхта бошанд, ҳамонро мекарданд.
— Фаҳмо. Баъд тағои Абдусаломам сиҳат шуданд?
— Ҳунравӣ кам шуда бошад ҳам, батамом қатъ нагардид. Шом наздик мешуд. Лаҳза ба лаҳза ҳоли бача бадтар мегардид. Бобоят аз пайи коре Ҳайдарканд рафта буданд. Тарсам аз он буд, ки ҳамин замон расида меоянду вазъи бачаро дида, тамом мешаванд. Ман гандаву нағз ақрабои зиёд доштам, модарам ҳанӯз барҳаёт буд. Дар рӯзҳои тангу сиёҳам ҳама дилбардор буданду такягоҳам.
Падари бачаҳо на додар доштанду на хоҳар, на аммаву на хола, на тағову на амак. Ягона шахси наздикашон ман будаму ҳамин чор фарзанди талабида гирифтагӣ. Агар Абдусалом ҳам мисли ҳашт бародару апаи гӯрамаргаш моро тарк мегуфт, аз ман дида ҳоли марди калонам бад мешуд. Бо ҳамин фикру хаёл будам, ки апаам ҳамроҳи Илёс-кофири пурожангу хамидақомат, ки қариб садсола метофт, даромада омад. Табиб аз таги каш ҷилди рангпаридаеро гирифт ва аз дохили он як китоби бисёр куҳна, дафтари ҳисоби мактабӣ ва қаламеро баровард.
Сипас, бе он ки ба атрофиён рӯй орад, номи бемор, номи модари бемор ва чандсола будани ӯро пурсида, ба
63 Ликебӣ – табакча 64 Шаҳраке аз шаҳристонҳои Сӯх, ки имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон аст. Ҳайдаркан бо конҳои маъдани симобу сурма маъруфият пайдо кардааст. Солҳои ҳукумати шӯроҳо ин шаҳраки саноатӣ, аз он ки бевосита таҳти таъминоти Маскав буд, хеле пешрафтаву обод гардид.
65 Муллоҳои маҳаллӣ ба ин нафари мусофир аз он сабаб лақаби "кофир" дода буданд, ки бо истифода аз “Канз-ул-ҳусайн” ба амалҳои ҷодуӣ низ даст мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё