Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
хун пур шуда буд. Яке аз дарвоза модари ман, яъне, бибӣ Гулсумат даромада омад. «Ҳич гап не, ҳозир мегузарад»-гӯён сари бачаро ба зонуи хеш гирифт ва фармуд, ки лӯлаболишти баланд биёрам. Аз такяи баланд лаҳзае хун бозистод. Дар айни шукр гуфтан будем, ки ногаҳ Абдусаломро сулфа гирифт ва дубора хун аз даҳону биниаш ҷорӣ шуд...
Доду фиғони моро шунида, чанд нафар ҳамсояҳо тозон омаданд. Як-ду нафар баргашта баромада рафтанд. Баъди чанд дақиқа якеш ҳамроҳи байтор даромада омад.
— Худо гирад шароити кӯҳистона. Духтурхона рафтам, ки Фаяи духтурро ба маркази вилоят даъват кардаанд. Тарсам, ки ҳамин ягона духтурамонро ҳам ба фронт баранд... Ба ҳар ҳол, ҳамин кас ҳам табиб ном доранд-ку, гуфта, гирифта овардам,— сабаби омадани духтури ҳайвонотро шарҳ медод ӯ.
Байтор дастмолеро тар карда ба пешонии бемор гузошту афсӯс хӯрд, ки фасли гармост, вагарна барои боздоштани ҷараёни хунравӣ як каф барф ё як пора ях кифоят буд. Чӣ мегӯед, ки пас аз чанд лаҳза усто Салими ҳалвогар дар даст корсончайи ях ҳозир шуданд ва яхро ба рӯймолча печонида, ба пешонии Абдусалом гузоштанд. Ҷараёни хун кам шудан гирифт. Нафаси сабук кашидам.
— Усто Салим дар ҷиллаи тобистон яхро аз куҷо ёфтаанд? — ба суханҳои модаркалон шубҳа зоҳир кардам ман.
— Дар ҷиллаи тобистон марожнӣ62 ёфт намешавад? — хандид бибиам,
— Марожнӣ чизи дигар. Онро дар дастгоҳи махсус дуруст карда, дар яхдон нигоҳ медоранд. Дар гузашта...
— Дар он замон ҳалвогарон ширинии роҳатиҷон тайёр мекарданд. Онҳо дар мавсими сармо яхҳоро дар яхдонҳои зеризаминӣ захира карда, тобистон аз онҳо бо иловаи ширинии тут ё мураббо роҳатиҷон омода мекарданд. Савдои ин ширинии болаззат дар тамузи тобистон бисёр
62 Мороженое (русӣ) — яхмос, бастанӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё