Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
косахонаи сар дар даст табиб ба ман амр дод, ки барои бемор ним коса ордоби равонак омода созам.
– Зуд бошед, ки бача аз ҳол рафтааст, – илова кард ӯ.
Ҳамин замон овози мошини боркаши кӯҳканони Ҳайдарканд шунида шуд. Баъди лаҳзае ду тан бо ҳилъати сафед, аз ақиб падарат бо ҷиғоти гирифта ҳозир гардиданд. Оҳ, шӯре буд, ки аз ҷониби духтарони расмӣ бархост! Бо забони урусӣ чиҳое гуфта даст меафшонданд, ки ман ҳиччӣ намефаҳмидам. Гиревкунон ҳамаро аз сари бемор меронданд.
– Бибиҷон, ман гӯям, ки духтурзанак чиҳо гуфт? Ана, ин тавр: «Ай-яй-яй! Весь кишлак собирались, что-ли! Кому говорят?! А ну-ка, розайдитесь! Больному нужен свежий воздух.» Ва ба табиби мардумӣ нигоҳ карда таҳдидомез гулу даронд: «А это кто ещё такой? Шарлатан - Абухаттаб!? Срочно доложить куда надо!» Албатта, ба шумову бибикалонам бо писханд рӯй оварда гуфтагист: «Лечениеи таджикий кадед-а? Эх, шумоҳо, тупые люди. Дар кадом век жить мекунед, медонед-мӣ? Барои ин коратон шумоҳоя тюрьма кунондан даркор, ха!» Табиберо, ки ба ҷони писаракатон дармон шуда буд, «Айда, айда!»-гӯён тела дода пеш кард. Ҳамту не?
Модаркалонро саҳнаофарии ман ба завқ оварда буд. Хеле қоҳ-қоҳ зада хандиду гуфт:
– Э, намурӣ ту, масхарабоз. Дар ҳақиқат, тақрибан чунин гапҳо заданду доду ғирев карданд духтурон.
– Ман ҳам ҳамин хел тасаввур кардам. Табиби бечора рафт?
– Ҳо, бечора, мисли он ки гуноҳе карда бошад, бо овози паст «Ман рафтам. Ба бемор ордоб хӯронданро фаромӯш накунед»,– гуфту бадар шуд. Кӯдак фиш-фиш хоб мерафт. Ман аз паси табиб узргӯён то кӯча баромадам.
– Духтурон бовар карданд, ки табиби мардумӣ аз уҳдаи боздоштани хун баромадааст?
– Аз куҷо бовар мекунанд? Чашмбанду фиребгар гуфтанд. Таъкид карданд, ки агар минбаъд ба чунин «табиб»-ҳои худрӯй бовар карда, ҳаёти кӯдакро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё