Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ҳамсари тагоям «хайрият» гуфта, ба таҳсинчи айвони меҳмонхона оҳиста мешинад.
– Хез, оҷаш, ки мадори дасту поям рафтааст, қассобро худат ҷеғ зада биё.
– Эҳ, намуред, «Бо мошин задам! Мурд...» гуфта, талхама кафондед. Гумон кардаам, ки ягон бачае зада бошед. Гӯсола бошад, ҳич гап набудааст-ку.
Тагоям ҳамон шом ба қассоб мефармояд, ки ҳамсояҳоро ҷеғ зада, гӯштро хомталош кунонад. Рӯзи дигар субҳи содиқ ба молбозор меравад ва мебинад, ки соҳиби гӯсола як гови чор кас медидагиро банд карда шиштааст.
– Моли ман хушзот буд, ҳайф кардӣ, ошно. Хайр, кори ношуданӣ шудааст. Фалокат аз таги пой мебарояд. Агар ба ивази вай ҳамин гова гирифта диҳӣ, ман - розӣ.
Тагоям чизе намегӯяд. Нархи говро мепурсаду зуд аз ҷайб пулро мебарорад. Баъди ин вай аз касбаш дилхунук шуд...
Ин тагоям деҳқонӣ ҳам мекард. Дар поёни марғзорони Тагоб, ки солҳои Ҳукумати Шӯроҳо Хукхона (чун дар ин мавзеъ фермаи хукпарварӣ таъсис дода буданд, ки ҳама кормандонаш русҳо буданд) ном гирифтааст, чанд лахт замини шоликорӣ дошт. Ӯ ду навъ шолӣ мекорид: девзира барои фурӯш, марғобӣ (баъзеҳо «мурғобӣ» мегӯянд, ки ғалати маҳз аст) барои хӯроквории аҳли хонадон. Шолии девзира ба хотири серҳосилиаш дар тамоми минтақа бисёр кишт карда мешуд. Аммо кишти шолии марғобӣ ба ҳадди нестӣ расида буд, зеро ин зироати камҳосил аст. Аммо тагоям ба ин навъи биринҷ дилбастагии хоса дошт. «Рангу мазааш ба ман маъқул» мегуфт. Ҳамин ки ҳирманашро бардошт, ба мо ҳам «ҳаққи ҷиянҳоям»-гӯён кафсан медод, ки мо онро ҳафтае як ё ду килоӣ бо ҷувози дастӣ куфта, палав мепухтем. Воқеан, ранги қирмизии биринҷи марғобӣ чун марҷони сурх чашмрабо буд.
Тагои заҳматкашам гоҳ-гоҳ ба тиҷорат ҳам даст мезад: ба Русия хушкмеваҳои боғи худашу хоҳару

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё