Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

пиёдагардон суст меронанд, то ба чорвое барнахӯрад. Тагоям ҳам он лаҳзаҳо «ЗИЛ»-ашро оҳиста-оҳиста мерондааст. Ниҳоят, аз пода пеш гузашта, бо дили пур бо суръати муқаррарӣ мошинро ба роҳ андохтааст. Ҳамин вақт кадом як гӯсолаи рихинро хармагас газидааст магар, ки девонавор худро аз ин тараф ба он тараф, аз он тараф ба ин тараф зада, ба пеши мошин тохтааст. Воқеа чунон ногаҳонӣ рӯй додааст, ки ронанда дасту по гум карда, ҷойи он, ки тормозро пахш кунад, газро сахт зер кардааст. Ва он гӯсолаи ачалрасида то чашм кушода пӯшидан ба замин дароз кашидааст. Тагоям, ба ҳар ҳол, мошинро дошта, поён фаромада дидааст, ки кори ҳайвон тамом шудан дорад. Саросемавор ба ҳавлие даромадасту корд пурсидааст. То соҳибхона ба ошпазхонааш даромада корд овардааст, ки тагоям бетоқат шудааст ва аз сари шохи дарахт досеро, ки овехта монда будаанд, гирифта берун давидааст. Ӯ бо дастони ларзон гӯсолаи нимбисмилро бо дос ҳалол кардасту онро ба болои мошин ҳаво дода, ба мардуми ҷамъомада рӯ оварда, гуфтааст:

— Ба соҳиби ғуночин расонед, ки пагоҳ барвақт ба молбозор равад. Ман ба ивази ин гӯсола моли дилхоҳашро харида медиҳам.

Тагоям бо азобе мошинро ба ҳавлиаш мерасонад. Чун завҷааш мебинад, ки аз кузови мошин хун рехта истодааст, талхакаф мешавад.

— Чӣ шуд?!

— Бо мошин задам! Мурд... Ба мошин бор кардаму омадам... Намедонам, аз кӣ буд...

— Э вое, хонам сӯхт! Ба милиса хабар надодед?..

— Не...

— Ҷиноят кардаму гурехтам, гӯед? О, шумо номард набудед-ку?! Акнун мурдаро бо чӣ мақсад ба хона овардед?

— Э, сарама гаранг накун, очаш. Вай ҳаром намурд, ҳалол кардам.

— Чӣ? Девона шудед? Киро ҳалол кардед?!

— Гӯсолаи рихинро!

пешина
аз 208
навбатӣ