Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ин тагоям аз дигарҳо дида ба бибиям қарину дилсӯзтар буд. Вай ҳам модарашро оғӯшкунон дар ҷавоб мегуфт:
— Таги рӯш қоғаз бойин, Ҳамронисоҷон!
Воқеан, бибии ман пӯсти нозуки сурху сафед дошт, бо вуҷуди пириаш ҳис карда мешуд, ки дар ҷавонӣ зани зебочеҳра будааст.
Тағои Абдусоломам ҷавонмарди миёнақади ботану тӯш, сафедпӯст, чашму абрусиёҳест. Модаркалон мегӯяд, ки агар феълу хӯяшро ба назар нагирем, вай нусхаи ҷавониҳои бобоят аст. Бо гуфти бибиям, бобои Мулло Ҷалолам низ дар дами ҷавониашон ба мисли тағойи Абдусоломам бачамарде будаанд, ки кӯҳро зананд, талқон мешудааст. Дардум дар ҳаққи ин тағоям мегуфтанд: «Девкор аст, кора мехӯрад.» Дар ҳақиқат, вай ҷавонмарди ҳамакора буда, пойдевор мекашид, девор мезад, гиландовае мекард, ки агар сафед кунӣ, аз гаҷкорӣ мондани надошт. Аз ҳунари чӯбкорӣ ҳам хабар дошт. На танҳо дар дару девори иморати падару модар ва додару хоҳарон, балки дар манзили ҳақку ҳамсоягон ва ёру дӯстонаш изи дастони эъҷозгари ӯро дидан мумкин буд. Ҳеҷ гоҳ хоҳиши онеро, ки вайро ба ҳашару кумак мехостанд, рад намекард. Вале вақти кор намегузошт, ки ҳамкоронаш як даҳон сухан гӯянд. Худаш гоҳ онеро, ки масалан, лойро дуруст поймол накардааст ва ё касеро, ки ба ӯ дар вақташ лою хиштро нарасонидааст, пайваста қоҳиш мекард. Гӯё ҳафт пушти ҳамдеҳагонро мешинохт. Марди ҳозирҷавобе буд, ки дар рафти сухан гӯяҳои мурчу қаламфурдорро бештар истифода мекард. Аз чӣ бошад, ки аз захри забони ӯ ҳамраҳонаш қариб ки намеранҷиданд. Касби асосии ӯ ронандагӣ буд. Мошини боркаши «ЗИЛ» меронд. Мегуфтанд, ки солҳо мошинронӣ карда, боре ҳам қоидаи роҳро вайрон накардааст. Вале кӯза ба лаби об ҳамеша бешикаст рафта намеояд. Тағоям рӯзе аз шаҳри Фарғона бармегаштааст, ки дар маҳаллаи Даҳани Деволча ба подаи деҳаи Ровон дучор омадааст. Дар чунин мавридҳо одатан ронандаҳо мошинро ба андозаи қадамзании

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё