Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Ҳеч...
Вале ман ҷамъу зарб кардаму нархи панҷ тонна гандумро баровардам: ҳич қимате надоштааст як хона гандум. Беҳтараш, бибиам мегуфт, ки хонаат пури тилло шавад, ё ҳич набошад, мошини «Волга»-дор шавӣ...
Бибии мо наберагонашро бо номҳои аҷиб дӯстдорӣ мекард: доруҷон, ҳандалачон, кулулаи тилло, баррачон...
— Бибиҷон, агар касе пурсад, ки «Кулулаи тиллоро мегиред, ё ҳамин набератона?», шумо чӣ мегуфтед?
— Албатта, туро интихоб мекардам.
— Охир, чиба? Беҳтараш, шумо кулулаи тиллоя мегирифтед, ман боз пеши шумо меомадам. Мо тиллодор мешудем.
— Ба ман тиллои касе лозим не. Кулулаи тиллои худам бас, — мегуфту сари маро сила мекард.
Ман сар ба синаи модаркалон мегузоштаму орзуҳои ширин мекардам. Пеши назарам арчаи ороёфтаи солинавӣ меомад, ки перояаш ҳама дурру марҷон ва тиллову тангаро мемонд. Ман аз ҳама бозичаи хушрӯтарини ин арча мебудам, беҳтараш, ман худам арчаи солинавӣ мебудам: сар то по ороёфта, пурҷило, бошӯкӯҳ!...
Модаркалонам фарзандони баркамолашро низ ба мисли кӯдак дӯстдорӣ мекард.
Дутори дукон,
Шаддаи марҷон,
Пеш-пеши башкон.
Ин мисраъҳо ба тағойи Абдулаҳадам тааллуқ доштанд. Ба модарам ин хел байт монда буд:
Духтар гули бунафша,
Тамошо кун ҳуснаша.
Тағойи Бобомӯсоям фарзанди хурдӣ ва нозпарварди хонадон буд. Бибиам мӯйи сари сип-сиёҳи кенҷаписарашро бо ангуштонаш шонакунон мегуфт:
Бобомӯсо нағз,
Кисаш пури мағз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё