Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

суфаи паси дарвоза интизораш мешудам. Ҳамин ки меомад, дарзамон саволаш медодам:
– Афсона овардед?
– Ҳо, дар лаби ҷӯйи Ровон ҳулбӯй барин баромада будааст, чинда-чинда овардам.

Ман то фаро расидани шаб аз пасаш соя барин мегаштам. Модаркалон ҳаргиз рӯзона афсона намегуфт. «Мабодо, ки зани қозӣ талоқ шавад», — бо ҷиддияти том мегуфт ӯ. Аз чӣ бошад, ки пеши назарам замбурӯғҳои нохӯрдании ҳавлии бибиам ҳувайдо мегардиданд. Ва метарсидам, ки аз шаккокиам зани қозӣ талоқ шуда, оқибати бади бад пеш оварад. Аммо намедонистам, ки ин гуфтаҳо чӣ маънӣ доранд (иқрор мешавам, ки то ҳол ба маънии ин шарти модаркалонам нарасидаам).

Аслан, ман он замонҳо ба фаҳми на ҳама гуфтаҳои модаркалон мерасидам. Масалан, вақте мо носозо мегуф-тем ё касеро дуои бад мекардем, ӯ бо қаҳр мегуфт:
– Бод!
Бод? Яъне, чӣ? Вақте шогирди мактаб будам, дар шиорҳое, ки рӯйи алвон навишта ба даромадгоҳи дабистон меовехтанд, калимаи бод низ мебуд. Барои мисол, ин тур: «Поянда бод Якуми май - Рӯзи якдилии меҳнаткашони тамоми дунё!», «Зинда бод 8-уми март — Рӯзи озодии занон!» Аммо «бод»-гӯйиҳои модаркалони ман оҳанги зиндабодро надошт. Вале дар дил ҳис мекардам, ки аз носозогӯйии мо бибиам сахт ранҷидааст. Яқинан, он вақт ӯ мехост гӯяд, ки сухани бадро аз даҳонат бод барад! Ё ки ӯ, пеш аз он ки аз касе хоҳиш кунад, мегуфт:
– Хонаат пури гандум бошад...
Рӯзе аз бобоям пурсидам, ки килои гандум чанд аст?
– Бист тин. Чӣ буд?
– Як хона гандум чанд кило мешавад?
– Шояд чаҳор-панҷ тонна.
– Як тонна — ҳазор кило, панҷ тонна — панҷ ҳазор кило.
– Туро ба нархи як хона гандум чӣ кор? — ҳайрон мешуданд бобоям.

пешина
аз 208
навбатӣ