Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

карданд. Шаҳаш ба ном шаҳ набуд, ӯ шоҳзодаи ҳақиқӣ буд. Баъди ин Кали Ёру кампири вай азоби рӯзгор накашиданд. Дар сояи давлати духтару домодашон боқии умрашонро дар роҳату фарогат гузаронданд. Вассалом.


Аз он дам вақти зиёд сипарӣ шуд. Даҳҳо бор баҳор омаду рафт. Бибии фариштахӯйи ман ҳам кайҳост, ки ин дунёи пур аз ташвишро падруд гуфта. Ман дӯстдориҳои ӯро пазмон шудаам. Ёдам меояд, ки дар айёми навбаҳорон маро ҳамроҳ ба пудиначинӣ мебурд. Косаро ба дастам медоду шӯхикунон месуруд:
Духтарҷони ҷинонӣ,
Лаби ҷӯба шинонӣ.
Дасташба коса дода,
Ҳулбиҳоя58 чинонӣ.

Ҳуште-ҳуште,
Кокул бару пуште.
Доғи нағзакондора
Ишқаш мана куште!

Ҳар баҳор, вақте ки лаби ҷӯйи ҳавличаам сабзапӯш мешавад, афсонаҳои модаркалон пеши назарам ҷон мегиранд, бӯйи хуши ҳулбӯйи лаби ҷӯйи Ровон ба димогам мезанад. Аҷабо, чӣ қаробатест миёни ҳулбӯй ва афсона? Бале, афсонаҳои бофтаи бибии ман бӯйи пудинаро доштанд. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ ошкор намесохт, ки афсона мебофад ё ба тани қиссаҳои куҳна пироҳани нав медӯзаду ба кокулонаш маргулаи нав ҳамоил мекунад. Балки ӯ мегуфт, ки афсонаро аз лаби ҷӯйи Ровон мечинад. Бовар мекардаму доманашро ба умеди шунидани афсонаи нав раҳо мекардам. Ӯ саргирак ба сар андохта, аз ҳавлӣ мебаромад. То омаданаш ҳавлӣ бонӣ мекардам ва дар

58 Ҳулбӣ – ҳулбӯй, пудина.

пешина
аз 208
навбатӣ