Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

додаронашро бурда, фурӯхта меомад. Ҳақшинос буду боинсоф. Рафиқонаш тағои Абдусаломамро ҳамсафари хуб мегуфтанд. Онҳо ҳамроҳ Русия мерафтанд.

Боре аз кӯча ба ҳавлии бобоям даромадам, ки тағойи Абдусаломам ба обу арақ ғӯтида кундаи кӯҳ баринро кафонда истодааст. Бе он ки аз кораш таваққуф кунад ва ё ҷонибам нимнигоҳе андозад, дағалона гуфт:

  • Аз пешам гурез, дайду, ки парахаи ҳезум мезанад!!!

Сахт ранҷидам ва бо ӯ чанд вақт ногап шудам. Модаркалонам мегуфт:

  • Аз вай наранҷ, ҳандалаҷон. Тағоят андак сахтгап бошад ҳам, инсони дилсафед аст. Кина гирифтан хуб нест.
  • Барои чӣ ин писаратон нисбат ба дигар фарзандонатон дар хӯю хислат фарқ мекунад?
  • Аз аввал тифлаки касалманду ноҷинсаке буд Абдусалом. То панҷсолагӣ ба пой намеистод. Вақте ба синни мактабрӣ расид, хунибинӣ шуд. Қариб умедамонро канда будем, Худоро шукр, зинда монд.
  • Хунибинӣ? Ин чӣ беморист? Шунидаам, ки гарданшаҳу бадкоронро бачаи хунибинӣ гуфта, хоҳиш мекунанд.
  • Ҳамтуя, - аз чӣ бошад, ки бибиам дандони ягонаашро нишон дода, тифлона хандид.
  • Гӯед, ки хунибинӣ чӣ касалӣ аст?
  • Яъне, касалиест, ки бар асари он аз димоғи кас тез-тез хун меравад. Хуб мебуд, ки он рӯзҳоро ба ёдам намеовардӣ... Аслан, ман, ки ҳашт тифли гулбаргро аз даст дода будам, дар сари ҷони фарзандон ҳамеша бо тарсу ҳарос мегаштам. Шукр, ки тағойи Абдулаҳадату модарат бедарду ранҷ калон мешуданду ҷонам андаке меосуд. Аммо дард ба Абдусалом ҳанӯз аз кӯдакӣ обак буданаш часпид. Баъди ӯ тағойи Бобомӯсоят ба дунё омада бошад ҳам, бечораро ба серӣ шир намедодаму сари даст намегирифтам. Мудом дастам бо кӯдаки дардманд банд буд. Агар аз рӯйи зарурат

Кӯдакӣ обак - тифли момузӣ, тифли парпечс, ки ҳанӯз устухонаш шах нашудааст.

пешина
аз 208
навбатӣ