Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ман дастамро ба дасташон медодам. Эшон ангуштонамро як-як хобонида мегуфтанд:
Леле,
Додараки леле.
Сарви баландболо,
Ҳофизи Қуръон,
Хирси шибишкуш!
Гумон аст, ки аз ин бозӣ маъние бардошта бошед. Ҳар яке аз ин мисраъҳо ишорат ба як ангушти даст аст, балки номҳои ангуштони панҷаи дастанд, ки шояд аз хусусияти онҳо асос гирифтаанд. Афсӯс, ки он вақтҳо ман шарҳи бозиро напурсидаам. Бароям кифоя буд, ки бобои ширинсухану ҳазкашам маро сари зону шинонанд. Бобоям «леле» мегуфтанду ангушти хурдро мехобониданд, «додараки леле» мегуфтанду ангушти беномро. Ҳамин тавр, ангушти миёнаро «сарви баландболо», ангушти ишоратиро «ҳофизи Қуръон» ва нарангуштро «хирси шибишкуш» ном мебурданд. Вақте мо «хирси шибишкуш» мегуфтем, «ча-ча»-и ман ба мушт табдил меёфт ва бобоям ба сони довароне, ки ғолибияти бозигари варзишро нисбат ба рақибаш эълом медорад, банди дастамро дошта, боло мебардоштанд. Ман бозавқ механдидам. Бобоям ҳам кӯдаквор мезавкиданду маро дӯстдорӣ мекарданд:
Духтараки бобош,
Пурхӯраки бобош,
Дамбураки бобош.
Ва ҳамзамон шикамчаи дамидаи маро нақоравор мезаданд.
Бибиам ин байтҳоро аз забони Пири Кӯса меовард, ки ба ман маъқул набуд. Охир, бобои ман ҳаргиз ба Пири Кӯса монанд набуданд. Эшон муллои комил ва марди зарофаттӯе буданду қади миёна ва тану тӯши чорпаҳлу доштанд. Тунукриш не, балки серришу фаше буданд. Ҳамеша пеш аз кӯча баромадан риши перостаи худро шона мезаданд. Ба ёдам ҳаст, ки бештар ман аз сари зонуи бобоям ҷой гирифта, ришашонро мехоридам, аз ришашон дошта бозӣ мекардам. Он кас ҳам манаҳашонро бардошта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё