Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданМодар чунон хурсанд шуд, чунон хурсанд шуд, ки!..
Дегҷаро рӯйи дастонаш гирифта дӯстдорӣ кард:
Дегҷаи сиёҳи оча,
Духтари чу моҳи оча.
Ғилдир-ғилдир меравад,
Пеши додо мерасад.
- Бибиҷон, Дегҷаи сиёҳ ба моҳ монанд мешавад?
- Кӣ дӯғи худаша турш гуфтааст? Гамбуск ҳам бачаша сафедакам, лолопоям гуфта дӯстдорӣ мекунад. Гапа набуру гӯш дор.
Хуллас, модар ошу нонро даруни Дегҷа андохта, сари кор гуселонид. Дегҷа гелида-гелида пеши падараш омад. - Додоҷон, ман хӯрокатона овардам, - гуфт ӯ.
Падар чунон шодӣ кард, чунон шодӣ кард, ки мондан гиред. Медонед, чӣ гуфт? - «Дегҷаи хушрӯйи додош» гуфт, — мегӯям ман.
- «Духтари дилҷӯйи додош» гуфт, — илова мекунад хоҳарам.
- Боракаллоҳ! — мегӯяд бибиам, Воқеан, падари Дегҷаро Кали Ёр мегуфтанд. Кали Ёр боз мегӯяд:
Саракаш сиёҳи додош,
Рӯякаш чу моҳи додош. - Бибиҷон, охир, дафъаи гузашта падари Дегҷаро дигар хел ном гирифта будед-ку?
- Дуруст, вай Пири Кӯса буд. Чунки вай дигар одам буд. Духтари вай Дегҷаи дигар буд. Ин Дегҷа - дигар Дегҷа. Пири Кӯса Дегҷаи худашро ин тавр дӯстдорӣ мекард:
Дамбураки додош омад,
Пурхӯраки додош омад... - Охир, ин суруди Пири Кӯса не. Ин дӯстдориҳои бобои Мулло Чалолам-ку...
Дар ҳақиқат падарбузургам мо - набераҳоро сари зону гирифта дӯстдориҳо мекарданд, бозӣ медоштанд. Масалан, он кас гоҳо маро, ки ҳанӯз кӯчак будам, мефармуданд: - Ча-чая тиед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё