Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

наёфтаанд. Рӯзе зани солрафта нола мекунад, ки эй Худои раҳмону раҳим, ба мани бечора раҳм намо ва фарзанде ато кун. Ман намегӯям, ки шоҳдухтаре деҳ, паҳлавонписаре деҳ. Розӣ ҳастам, ки фарзанди ман ночинсаку назарногир, сиёҳаку... — зан ба гирду гӯша нигоҳ мекунад, чизеро ба насли ояндаи худ монанд кардан мехоҳад, аз афти кор ва ногаҳон чашмаш ба дегчаи сари оташдон меафтаду аз ин бозёфт хурсанд шуда, суханашро давом медиҳад. — Ҳа, ҳа, ҳатто, ба ҳамин дегчаи сиёҳ монанд бошад.

Қудрати Халлокро бинед, ки ҳамон шаб дар батни зани фарзандталаб ҳамл пайдо мешавад. Рӯз аз пайи рӯз мегузарад, моҳ аз пайи моҳ. Оқибат пас аз нуҳ моҳу нуҳ рӯзу нуҳ соат зани дучонро56 дарди зойиш мегирад. Оҳ мегӯяду воҳ мегӯяду аз Худо роҳ металабад. Бо мадади Парвардигор бе шикасту рехт тифли сарсиёҳаке ба дунё меояд. Худоё, он чиз, ки мо сари сиёҳ пиндоштем, сар не, дегча буд. Яъне, каллай ба дегчамонанди бача не, балки дегчаи ростин буд. Мард ин ҳолатро дида, қариб талҳакаф мешавад. Зан ҳам пок қолаб тиҳӣ мекард, аммо аз гиряи дегчаи навзод падару модар ба худ меоянд. Онҳо хости Худо ҳамин будааст, ба ҳар ҳол, мо ҳар чӣ талабидем, Халлоқ ҳамонро дод, ноумед накард, гуфта, шукр мекунанд.

Вай дегча дегчаи одӣ набуд. Чунон нағмаҳо мекард, чунон бозиҳо мекард, яъне, дегчае буд аз даҳ тифли гирёнчак боло, аз сад бачаи гапнодаро авло. Аммо пиру кампир дар аввал инро нафаҳмиданд.

Рӯзе мард сари замин ҷуфтронӣ рафт. Зан ба мардаш хӯроки зуҳр омода кард. Бояд таомро сари замин мебурд, аммо пир ки шуда буд, пойҳояш мадор надоштанд. Аз ин рӯ, худ ба худ забони ҳасрат кушод:

— Кош, ин дегчаи мо писар мебуд, дар пирӣ ёрдамчиву ёварамон мешуд.

— Ман аз кадом писар кам? Ман худам тӯшаи додама сари замин мебарам, — гуфт ғайричашмдошт Дегча.

56 Зани дучон — зани обистан, ҳомила.

пешина
аз 208
навбатӣ