Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
надоштанд. Дугонабоз набудӣ, балки ту ба чунин рӯзкӯркуниҳо вақт надоштӣ. Кай мехуфтӣ? Кай мехестӣ? Мо, чаҳор тифли ту, орзу мекардем, ки баробарамон ба рахти хоб даройӣ, афсона гӯйӣ. Аммо ту ҳамеша серташвишу банди кор будӣ. Ёдам меояд, ки фонуси керосинӣ дар даст то ними шаб кишти ҳавлиамонро об медодӣ.
— Оҷаҷон, тезтар биё, хоб равем, — зора мекард додарам.
— Боз каме сабр кун, об то охири чӯяк расад. Охир, пагоҳ навбати дигарон. Бояд ҳамин шаб об диҳем.
Субҳи барвақт ҳам туро рӯйи бистар намеёфтем.
— Оча! — рӯйи ҳавлӣ баромада, нола мекард додари нозпарварди мо.
— Ман ин ҷо, — овозат аз бом мебаромад ва мо тифлақонат ба ёрӣ мешитофтем.
Донаҳои зардолуи дамхӯрда чун каҳрабо медурахшиданд. Ту корро тамом кардаву ба мадади мо муҳтоҷ набудӣ, вале мо ба инӯ он даст зада, ба таври худ дастёрӣ мекардем. Сипас, куттию сатилҳои холиро аз даст ба даст дода, аз нардбон пойин мешудем. Ту пайваста табассум мекардӣ.
Чунки хумори афсона мегирифт, хонаи бибиам мешитофтам. Вай афсонаи зиёд медонист, вале шаб аз пайи шаб меомаду моҳ аз пайи моҳ. Бо гуфти модаркалон, хуми ширинӣ бо лесидан тамом шудааст. Хоҳу нохоҳ афсонаҳояш такрор меёфтанд.
— Инаша не, наваша гӯед.
— Инаш нав,— мегуфт ӯ, — ин Дегча бачаи Дегчаи аввала.
Ва ман бовар мекардам. Албатта, ин Дегча ҳамон Дегча мебуд, лекин бо обу ранги дигар, бо байтҳои нав ороёфта. Шумо афсонаи Дегчаро шунидаед? Ҳамон дегчае, ки зодмандонаш дар чандин соли ҳамзистӣ фарзанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё