Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

бо чашмони нимпӯш табассум мекарданд. Пас, чаро Пири Кӯса, ки бояд афташ шабеҳи бузи пири мо бошад, суруди хоси бобои маро ба Дегчаи худаш мехондааст? Вале тарсам, ки сахт пофишорӣ кунам ва бибиам лаб аз афсонагӯйӣ бандад.

Аслан, ман чаро зидди модаркалон мебароям? Фарқаш чӣ, ки ин Дегча ҳамон Дегча буд ё дигар Дегча? Падараш Пири Кӯса буд ё Кали Ёр? Муҳимаш, ҳар ду Дегча ҳам як хел хӯю хислат доштанд. Шӯху шанг буданд. Ҳозирҷавобу чаққон буданд. Мададгори падару модар буданд.

— Ҳамин тавр,— мегӯяд модаркалон,— Дегчаи мо баъди пешин ғилдиросзанон ҷониби хонаашон мешитобид. Акнун ки бораш сабук шуда буд, чолок мегелид ва ин сурудро мехонд:
Яку дую сею чор,
Ман духтари Кали Ёр.
Додом дар сари замин,
Мекунад то беғаҳ кор.

Ман ёрдамчии додом,
Тӯшабараки додом.
Додом хӯрда сер шаванд,
Ман гирди сари додом.

Яку дую сею чор,
Ман духтараки ҳушёр...

Дегчаи мо аҷаб саргузаштҳое дошт, аҷаб ҳангомаҳое барпо мекард. Албатта, ҳар дафъа корнамоиҳои ӯ дигар мешуданд. Боре вай аз сари замин ғилдиросзанон бармегашт, ки дар богот як тӯда ҷавонони айёшро дид. Онҳо асбоби айшу нӯш муҳайё карда, як палави Бонахӯду зирадори бомазза пухта, дами беғам заданӣ буданд. Аммо деге надоштаанд. Дегча чун онҳоро дид, аз роҳ бозистод. Охир, вай духтарча буд. Модараш доимо таъкид мекард, ки аз бачаҳои бемаъниву бегона худатро дур гир, ба чашмашон нанамой. Дегча гуфтаҳои модарашро ба гӯаш

пешина
аз 208
навбатӣ