Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

зиндагӣ боре ҳам надида будамаш, шинохтам, аммо тую хоҳарбузургам нашинохтедаш. Ва шояд шинохтеду аз ҳаяҷон ки шах шуда будед, лаб кушода натавонистед. Ман ҳам ҳолати хешро ба шумо ифода карда натавонистам. Зеро ба сони шумо санг бастаам.

Тақдир қатъи риштаи тадбир мекунад,
Тақдири содалавҳ чӣ тадбир мекунад.

Моро мардум Санги арӯс номиданд. Мо, ки ҳоли хешро натавонистем, баён созем, ровиён аз воқеият дур рафтанд: хасмро дӯсту ёрро ағёр хонданд. Охир, таърихи мо таҳриф шуда. Оҳ, басе таърихҳое, ки аз ҷониби муқобил нигошта шудаанд...

«— Аллоҳу акбар! Аллоҳу акбар! Аллоҳу акбар! Аллоҳу акбар! Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ. Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ. Ашҳаду анна Муҳаммадан-расулиллоҳ. Ҳайя ала-с-салоҳ. Ҳайя ала-с-салоҳ. Ҳайя алал фалоҳ. Ҳайя алал фалоҳ. Аллоҳу акбар. Аллоҳу акбар. Ло илоҳа иллаллоҳ!»

Ба баданам гармӣ медавад. Қуфли гӯшҳоям во мегардад. Ба атроф менигарам. Гурӯҳе аз намозгузорон сар ба саҷда мондаанд. Чанд нафар бенамозон андаруни автобус пинак рафтаанд. Шофири шапкапӯш ба мошине, ки ағбабарой зӯраш омада, тасфида буд, аз сатили резинӣ об мерезад. Ман азми хестан мекунам, аммо ту ангушти ишоратӣ ба лаб мегузорӣ: «хомӯш...»

Модарҷон, ман имрӯз аз баёни баъзе андешаҳое, ки овони наврасиву ҷавониам ба сар доштам, ҳиҷолат мекашам. Аслан гирем, зайли замона чунон буд: мо бояд худро одами шӯравӣ ҳисоб кунем! Моро мактаб ва тарзи зисти коммунистӣ чунин тарбият мекард.

пешина
аз 208
навбатӣ