Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мерезад, вале мо медонем, ки ту дилкашолие дорӣ. Ёреро, ки аз ту маҷбуран ҷудо кардаанд, ҳамеша интизор будӣ. Аммо ӯ наомад. Ниҳоят, рӯзе даррасида, ки туи баргаштабахтро аз Сӯх ҷониби Риштон мебаранд. Домоди рустамнамо дар барат, киёнӯкар бо шӯру қиём, бо нидои «ёр-ёр» пеш меравад. Ногаҳон аз паси харсангҳо, аз пушти кӯҳпораҳо дастаи ҷавононе ба қофила ҳуҷум меоварад. Ҳама фаши саллаҳоро ниқоби рӯй кардаанд. Байни онҳо нафаре сабзинаву абрусиёҳ, миёнақаду қавипайкар ҳай шамшер мекашад, ҳай ҷонбозӣ мекунад... Чун ба қаҳри чашмони разманда зеҳн мемонам, пай мебарам, ки вай намехоҳад, домани арӯси боиффатро доғдор намояд. Ва ин гурӯҳ дуздони роҳзане нестанд, ки гузаштагон мепиндоштанд. Балки ҷавонони ғайуреанд, ки ба ҳимояи шарафу номуси хеш бархостаанд. Онҳо намехоҳанд, ки хонае харобу вайрон, тифлаке гирёну нолон, модаре миёни Сӯҳу Риштон сарсон бошад... Ва аммо забони ман гӯиё шах шудааст. Наметавонам, ба ҳамроҳони хеш бифаҳ- монам, ки он тавр не, балки ин зайл...

Кору пайкор давом дорад. Дере нагузашта, ин майдони на чандон васеъ пур аз сарҳои бурида, ҷасадҳои паҳну парешон мегардад, ҳар ду ҷониб ҳам талафоти зиёд медиҳанд. Оқибат ду марди тан ба тан мемонанду се ҷинси латиф – ман, ту ва хоҳарбузургам. Мо ба ҳамдигар ҷафс мешавем ба сони сангҳои одамшакл. Ва ҳар кас дар дил ниёиш мекунем. Ҳарбу зарб давом дорад. Гӯши фалак кар аст. Ман дигар қудрате надорам, ки саҳнаро мувофиқи хости худам коргардонӣ кунам. Худо ҳар чӣ хост, ҳамон мешавад ва он марди ниқобпӯш ба сина теғи ҷонқоҳ мехӯрад. Рақибаш ниқоб аз рӯйи ӯ меафканад. Абрувони шикастаи сиёҳ ва бинии нозуку тегадори зебанда, шабеҳи тархи рӯйи хоҳарбузургам. Вай ҳамон зайле хуфтааст, ки рӯйи бистари маргаш дидаам. Фаши саллаи зебандааш гӯиё манаҳбанди ӯст. Аз чашмонаш ашк ҷӯшида мебарояд. Вале ту... Модари ҷон, чаро ӯро нашинохтӣ? Ман, ки дар

44 Салла — аммома.

пешина
аз 208
навбатӣ