Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
МАРЯМБОНУИ ФАРҒОНИ
Нависанда, шоир ва рӯзноманигор Марямбонуи Фарғонӣ 11-уми ноябри соли 1956 дар шаҳраки Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Соли 1977 баъди хатми факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ чанде дар мактаби зодгоҳаш дарс гуфтааст. Соли 1984 ба Тоҷикистон омада, дар Маркази методии Вазорати маориф ба ҳайси методисти калон ба фаъолият оғоз кардааст. Аз соли 1989 ҷиддан ба кори рӯзноманигорӣ пардохтааст. Дар нашрияҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Фирӯза», «Истиқбол», «Омӯзгор» ва радиои Ҷумҳурии Исломии Эрон «Садои Хуросон» кор кардааст.
Марямбонуи Фарғонӣ ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ ба навиштани лавҳаву ҳикояҳо оғоз намудааст. Аз ӯ то имрӯз ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ 10 китоб мураттаб аз насри бадеӣ ва ашъор («Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Риштон», «Хуморшикан», «Чаҳор қисса», «Шахболи хаёл», «Таманно», «Исои ман шав», «Нури ахтарпораҳо», «Табъи гуҳаррез» ва «Ман чунин девонаам» (Теҳрон, соли 2020 бо хатти ниёкон) расидааст. Чанде аз қиссаву ҳикояҳояш аз тариқи маҷмӯаҳои дастҷамъӣ низ интишор ёфтаанд.
Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ бештар ба мавзӯи худшиносии миллӣ даст мезанад.
Марямбонуи Фарғонӣ Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон буда, барои нахусткитобаш «Афсонаи тамаддун» ба Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак (Маскав, 1995) ва барои маҷмӯаи «Шахболи хаёл» ба дарёфти Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (Душанбе, 2013) шарафёб гардидааст. Инчунин, дорандаи нишони «Сухан»-и ИН Тоҷикистон, нишони «100-солагии матбуоти тоҷик» мебошад.
Узви Иттифоқи журналистон (1992) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё