Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мекард. Қазокзан, ки корашро ба охир расонида буд, маъюсона табассум мекарду ноаён оби дидагонашро бо нӯки остинаш пок менамуд.

— Каме мунтазир шав, ҳамаашро мебинӣ...

Баъди чанд лаҳза гурӯҳи кӯдаконе, ки либоси мактабӣ ба бар доштанд, сӯйи ӯ дартоз омадан гирифтанд. Колумб бо дидани дӯстони навраси хеш зиёд хурсанд шуд ва ба мисли кӯдакони шӯху беғаш аз ҷойи нишасташ часта хест. Пеш аз он ки кӯдакон ӯро ба иҳота гиранд, дар дил мегуфтам: «Шояд глобусро тӯб мепиндораду бо бачаҳо футбол мезанад...» Зуд андешам дигар шуд. Ӯ бо дӯстони наврасаш салому алайк кард, онҳоро ба харак қатор шинонд ва дарс оғоз кард. Назар ба гуфтаи модархонди қазоқи ҳамшаҳриам, мактаббачаҳои ин гирду атроф фанни ҷуғрофияро аз ин марди глобусбадаст омӯхтаанд. Дар байни ин шогирдон нафароне ҳам будаанд, ки дар мактаб муаллимонашон чизе аз ин фан фаҳмонида натавонистаанд. Чун фаҳмидам, ки Колумб довталабони донишгоҳҳоро ҳам ба имтиҳони қабул омода мекардааст, чизе роҳи нафасамро гирифт, ашк дар чашмонам ҳалқа зад ва аз зеҳнам ин андеша гузашт: «Колумб чаро? Боядӣ Берунӣ мегуфтанд ӯро!» Гӯиё лол гардида будам, аммо дар пеши назарам манзараҳои ивазшаванда падид меомаданд: қаторае, ки аз дуриҳо бо сару садои баланд пеш меояд, бевазани сангдиле, ки дарро ба рӯйи фарзанди хонадон мебандад, бонуи фариштасимое, ки ашкрезон аз дасти писархондаш дошта, ақиб мегардад...

Ҳамагӣ чанд қадам дуртар Комилҷон ном ҳаммиҳани ман ба шогирдон дарси шавқовар медиҳад. Бале, агар санги қисмат маъюбаш намекард, шояд ӯ чун олими забардасте камол меёфт...

пешина
аз 208
навбатӣ