Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
дар майнааш пайдошуда ҷавоб ёбад. Ҳаройина, агар касе туро одам шуморад, ҳолати ғарибе рух медидааст. Ба чашмони пирамард ашк ҳалқа зад.
– Ваалайкум ассалом, духтарам, умри дароз бинед! – гуфту ба роҳаш давом дод.
Дар як он маҳалларо гапи нав фаро гирифт:
– Ҳо-он сарзада ҳаст-ку, арӯси фалониро хорӣ надод. Ягон даҳон гапи шармовар нагуфт, ҳатто, саломашро алек гирифт!
– Бале, бо чашмони сарамон дидем, аз водопровод об мегирифт!
Пас аз ин дар миёни мардум арӯси нав эҳтиром пайдо кард. Қариб ҳама ба ин мазмун таърифаш мекарданд: «Аҷаб ширинсухан будааст келинчак, ба ҳадде ки ба дили девона ҳам роҳ ёфт.»
... Пирамард одати нав пайдо кард. Ӯ танҳо дар ин кӯча гаштугузор мекард, касеро «наменавохт», гоҳо бо кӯдаконе, ки дигар азаш наметарсиданд, ҳамроҳ шуда, то шом бозӣ мекард. Аслан ҳама медонистанд, ки ин девона боз роҳи арӯси маҳалларо мунтазир аст. Танҳо ҷавонзан берун барояду салом гӯяд, кифоя. Дилшод гардида, кӯдаквор ҷастухезкунон ба кулбааш, ки дар як гӯшаи деҳ буд, равона мешуд.
Даво ба дарди беморони хастарӯҳ нест мегуфтанд, ки дурӯғ будааст. Пирамарди осемасар андак-андак ба худ меомад. Рӯзе жандаи танашро як сӯ ҳаво доду линоси оҳарӣ ба бар кард. Мардум сараввал нашинохтандаш магар, ки аз ӯ нагурехтанд. Баъдан, ҳатто, шинохта бошанд ҳам, нагурехтанд. Ба ёд оварданд, ки ин девона ном ҳам дорад, пеш аз он ки писари ягонааш ба садамаи автомобилӣ дучор шуда фавтид, Обид ном дошт. Шумули онҳое ҳам, ки дар таклиди арӯси ҷавон «Ассалому алайкум, падар!» мегуфтанд, зиёд мешуд. Вақте он арӯси ширинсухан писарчадор шуд, аз ҳама беш Обид-ота хурсанд шуд. Дар ҳоле ки ашки шашқатор ба риши барфсон мерехт, дуо кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё