Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

кушода, анвои санбӯсаҳои танӯриву дегӣ, хӯришҳои гуногун аз сабзиҷот омода месозам. Аз ин ҳама неъмати бебаҳо ҳам кӯдаконамро, бо гуфте, аз витамину углеводҳои табиӣ сер мекунаму ҳам бачаҳои ҳамсояро. Ва савобашро ба арвоҳи кампири Холидаю фарзандони ғӯрамаргаш мебахшам. Ҳар бор ки ба деҳа меоям, ҳамроҳи тифлаконам қабри кампири фариштахӯро зиёрат намуда, ба онҳо қиссаеро, ки аз модарам шунидаам, бе ҳеҷ тағйирот нақл мекунам.


ДУ НОВЕЛЛА

ДЕВОНА

  • Гурез, девона омад!

Дар маҳалла сару сомон гум шуд. Занҳое, ки бо баҳонаи обгирӣ дар кӯча маҷлиси ғайбат ороста буданд, кӯдаку чӯдак ба хонаашон тохтанд. Онҳое ҳам, ки ҳавлиашон дур буд, худро ба ҳар дари дуҷоромада заданд. Танҳо наварӯсе, ки аз лӯлай об ба сатилҳо об мегирифт, парвои ин ҳама доду ғиреву гурезогурезро надошт. Ҳарчанд ҳамсояҳои ба ҷойи бехавф паноҳида имову ишора мекарданд, ӯ чизе намефаҳмид, чун ба тозагӣ арӯс шуда омада буду бо аҳли маҳалла хуб ошной надошт. Вақте мардуми кӯча «Девона омад!»-гӯён фирор мекарданд, наварӯс ғарқи хаёлоти ширин буд... Чашмаш вақте ба пирамарди ношинос афтод, ки сатилҳои обро бардошта, қомат рост карда буд. Наварӯсак сатилҳоро дубора ба замин гузошт ва рӯймоли сап-сапеди ба китфонаш ғеҷидаро ба сар кашида, бо шарму ҳаёи табиӣ аз рӯйи таомул нимтаъзиме карда гуфт:

  • Ассалому алайкум!

Пирамардро ҳайрат фаро гирифт: «Ин ҷавонзан кӣ бошад? Як ҳақорати дастабиринҷие диҳам, аммо... ин нозанин тарсе надорад. Ба мисли дигарон фирор ҳам накард. Аҷабо!» Очизӣ мекашид, ки ба саволҳои пайиҳам

пешина
аз 208
навбатӣ