Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
парешонавзои деҳро субҳи солеҳон аз замини ҳамсоя ёфтаанд. Мазмун, вай ҳангоми кофтани алафҳои хӯрданбоб хота ба хота гашта, аз мадор мондаасту... «Аҷаб шудааст!» - аз дил гузаронидам ман, дар ҳоле ки модар дар сӯги меҳмони ҳамешаазизаш оби дида мерехт.
Имрӯз ба худ меандешам, ки мо, бачаҳо, беақли гузаро будаем. Магар ба марги як инсон хандидан кори одами хушманд аст? Дар ҳоле ки модарам аз паси пайкор гирякунон ба хонаи марҳума мешитофт, мо - бачаҳои бедарду ғам ба ҷастухез оғозидем: «Ур-ре, аз кампиру санбӯсаи алафакаш халос шудем!!!» Ба хотир дорам, ки мо хурсандона дар рӯйи симкат ба ҳаво меҷаҳидему ҳамзамон нидо дармедодем. Гӯиё ба хушнудии мо симҳои халтазадаи кат ҳам бо шодмонӣ ҳамовозӣ мекарданд: «ғиҷ-ғиҷ-ғиҷ!!!» Ман аз шодии зиёд тозон назди ҳелча рафтаму гардани саги хушфеъламонро ба оғӯш кашидам:
- Аз санбӯсахурӣ халос шудем, Чек! Ту ҳам дигар маҷбур нестӣ, ки санбӯса хӯрӣ! Зинда бод озодӣ!!!
Ба ёдам нест, ки аз ин беш ба саг чиҳо гуфтам, боз бо киҳо хурсандиаамро баҳам дидам. Тавба, бача набошам... Чӣ мегӯед, ки ин «хушхабар» тамоми кӯдакони гузарро шодмон карда буд.
То вақти говгум аз модарам хабар нашуд. Маҷбур гаштам, ки ба зери поям хишт гузошта, картошкабирён пазам. Додару хоҳаракони гушнамондаам дар гирду барам мунтазири таъом буданд. Даст ба кору лаб дар баногӯш «шеър»-и навэҷодамро бо оҳанги шӯҳ сароида, табъи кӯдакони гуруснаро бардоштан мехостам:
Имрӯз саҳари барвақт Ба хона пайкор омад.
Дар аспи сиёҳтуруқ Пайк аз пайи кор омад.
Ях хабари хуш овард,
Қанд овард, асал овард.
Ба мисли табиб овард,
Доруи касал овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё