Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
суҳбаткунон бо чойи хушбӯйи кабуд ҳай санбӯсахӯрӣ мекарданд! Модарам, ангор, ба кампир хушомад мезада бошад, аз санбӯсаҳо паси ҳам ду-се дона мехӯрд, ки ин барои кампир беҳтарин меҳмондорӣ ҳисоб меёфт.
— Аз санбӯса гиред, гардам... Гармакак, бомазза. Нав пухтам...
— Дастпухти шумо бемаза мешавад магар, холаҷон? Чандтояшро печонида байни кӯрпачаҳо мегузорам, то ифтор гармакак меистад. Дигарашро кӯдакон мехӯранд...
Хоҳарчаи сесолаам норозиёна мегӯяд:
— Ман намехӯлам. Ҳожияк нишолло хӯрдам. Акаму апам ҳам хӯрданд. Шанбӯша намехӯлем.
Холида-хола мӯйҳои ҳиноии ӯро бо дасти ранги алафҷабидааш силакунон гапи худаш мегузаронад:
— Чӣ хӯрдем гуфтӣ? Нишолло? Бачаҳои ман ҳам нишоллоро дӯст медоранд. Агар ҷанг ба охир расад, марди хонаи ман ҳам бармегардад. Вай ҳам аз бозор нишоллои бисёр харида меорад. Ана, ҳамон вақт ман аз он нишолло барои шумоён низ мебиёрам...
Нагуфта будам? Модари Зулфӣ дурӯғ намегӯяд. Пай бурдед, сар шуд девонагии кампир! «Агар ҷанг ба охир расад...»? Ин зани сарзада аз кадом ҷанг сухан мегӯяд? Ҳанӯз хурд бошам ҳам, медонам, ки дар дунё аз ҷанг гапу хабаре нест. Муаллимаамон Забура апа ба мо аз боби ғалабаи Артиши Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ ҳикояи ҷолибе кардаанд. Аз гапҳои кампир хандаи ману Музаффар гирифт. Пик-пик хандидани мо ба модарам хуш наомад. Ӯ ба миёни абрувонаш гиреҳ андохт. Аммо мо санбӯсаи маҷбуран ба даҳон андохтаамонро як-ду хойида, дурӯғаки ташаккургӯён ҷониби хелчаи Ҷек мешитобем, то ба сагнова партоемаш...
Ҳамон сол зимистон сахту тӯлонӣ омада буд. Чи навъ ки кампиракони деҳи мо мегӯянд, дар айёме, ки ғафс борик мешаваду борик канда, риштаи умри Холида-хола ҳам канда шуд. Ба назари ман, дар баробари даргузашти кампир санбӯсаи алафии маълуму машҳураш низ бебозгашт гузашт! Мегӯянд, ки ҷасади шахшудаи кампири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё