Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд, бароямон на чандон фаҳмо бошад ҳам, хуб медонистем, ки Рамазон мавсими нишоллоҳӯрист! Бинобар ин мо ҳам моҳеро интизор мебудем, ки тамоми калонҳо «даҳонбаста» мегарданд.
Хуллас, он рӯз ҳамроҳи додаронам дар симкати зери тут алвончак мерафтему ҳамзамон кулчаҳои навпухтаи модарамро ба нишоллое, ки падарам аз бозор дар косаи сафол овардааст, «ғӯта занонида» бо иштиҳо мехӯрдем. Чӣ мегӯед, ки ҳамин вақт Холида-хола, аз гузари ҳамсоя ба хона зада даромад.
— Ҳой, дар ҳавлӣ касе ҳаст? Маликахон-у, Маликахон!
Уфф... Боз ҳамин кампир?! Аздусар санбӯсаи алафӣ овардагист. Иштиҳоро кӯр кард. Ҳозир модарам ба пешвозаш мебарояд ва «аз саратон гардам»-гӯён ӯро ба кати чӯбин мешинонад. Пасон дастархони пурдарбеҳи кампир кушода мешаваду санбӯсаҳои алафӣ ба чашм мерасанд. Эҳ, ба ҷон расонид ин кампир бо санбӯсаҳои худ...
Ҳамин кампир чандон сиҳат нест. Магар одами соҳибақл дар чор фасли сол санбӯсаи алафӣ мепазад? Ин кас сол аз дувоздаҳ моҳ - дастархонбадаст. Дастархон пур аз санбӯсаҳоест, ки дарунаш алаф ҷой карда пухтаанд. Дар рӯзҳои иду айём аз ин кампир ҷойи гурез нест: Наврӯз, Якуми май, Рӯзи ғалаба, Иди Октябр, ҳатто, Иди арчае, ки дар рӯзҳои қаҳратуни зимистон барпо мешавад, пеш аз Бобои барфӣ як дастархон санбӯсаи касмахӯри алафӣ дар даст ҳозиру нозир мешавад. Кош, мефаҳмид, ки бо «туҳфа»-ҳояш моро ба ҷон расонида...
Ӯро ҳамеша дар мазрааи мардум, лаби ҷӯйборҳо мебинед, ки алафҳои гуногуни хӯрданбобро ҷамъ оварда, ба халтаи карбосии куҳнааш меандозаду меандозад... Кас дар ҳайрат меафтад, ки вай баъди фасли баҳор, дар гармои саратон ё тирамоҳу зимистон алафҳои сабзу хуррами хӯрданбобро аз куҷо меёфта бошад? Ин на танҳо барои мо, кӯдакон, балки барои падару модарони мо ҳам муаммо буд, албатта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё