Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданлатифаш дилрабой мекард, заррае шабоҳат надошт. Раги чӯгигииш кашида буд.
- Бубахш, - нимғурма кардам ман.
- Апа, ҳей апа!
Аз паси дарахтони анбуҳ додари Истам намоён шуд.
- Чӣ гап шуд ба ту, Наҷот?
- Акаи Тайлоқ омад!
- Куҷост ӯ?
- Пеши очам. Ҳар ду ҷанг карданд.
- Да чӣ?
- Тура кашокаш карданд. Тайлоқ мегӯд, кадом чӯгидухтар хонда одам шудааст, ки Истам шавад.
- Очам чӣ гуфт?
- Ман ихтиёри ӯра ба худаш додам, гуфт.
- Додом-чӣ?
- Вай гап назадя сурнайсозӣ мекард.
- Ту рав, додарҷон, ман ҳозир меоям. Ҳа, воқеан, ҳамон китоби муқовасахтро ягон ҷо пинҳон кун. Чаро намефаҳмӣ? «Тоҷикон»-ро руст кун мегӯям, ки дасти нопоки Тайлоқ ба ин китоби табаррук нарасад.
Духтарак ҳарчанд табъи хуш надошт, вале аз ҳузурам намерафт. Ман намедонистам, чӣ кор кунам. Вай боз бадҳашмона ба поён сангреза ҳаво медод ва ҳар сари чанд бо гӯшаи чашм ба ман зеҳн мемонд. Аммо ин ҷониб ҷуръати гапкушоӣ надоштам.
- Чӣ дам мешинӣ?
- ...
- Намепурсӣ, ки Тайлоқ кист?
- Вай Тайлоқи шофир?
- Бале. Ӯ амакбачаи падарам аст. Ту мешиносӣ вая?
- Ӯро кӣ намешиносад? Вай дар байни чӯгиёни Қапчуғай ягона аст. Ягона ронандаи ҳуҷҷатдор!
- Ҳоло Тайлоқ ронанда нест. Каллаи хомаш дар вақти хондан чизе қабул накарда будааст, ки аз дасташ мошинаи кампири Чинӣ тамом шуд. На мошин монду на шофирий Тайлоқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё