Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ман ӯро барои худам кашф мекардам. Чеҳрааш гарм, гӯиё шахси наздикеро ба хотир меовард, нигоҳаш ҷаззоб, ростгӯву қасосгир метофт.
Шилдир-шилдири ҷӯйҷаҳои тезоб, ки болотар аз наҳраки Обишир ҷудо шудаанд, гуворо ба гӯш мерасид. Хаёл мекардӣ, оҳанги нотакрори мусиқист, ки ба суруди мурғони хушхон таносубан офарида шудааст. Ин нағмаҳо якдигарро пур ва баобу ранг мекарданд. Истам ба лаби ҷӯйбор нишасту аз оби нуқрафом чанд каф нӯши ҷон кард. Ман ҳам аз бараш ҷой гирифтам.
- Шарифҷон.
- Лаббай.
- Ба донишгоҳ дохил шудан душвор?
- Ин ба донишу тайёрӣ вобаста. Хондан мехоҳӣ?
- Бале, аммо... Ман ҳайронам, ки барои чӣ мардуми мо худро кадр намекунанд? Шарифҷон, магар ба қавми мо хондан мумкин нест?
- Не, чаро? Шумо духтур доред, милиса ҳам. Пас барои чӣ хондани ту номумкин будааст?
Вай ба шӯхии ман хандае кард. Оҳ, дар ин лаҳза чашмони сиёҳаш чӣ қадар дилфиребӣ, раддаи дандонҳои садафсояш чӣ миқдор дилкашӣ доштанд! Масти ин нигоҳу ин малоҳати беҳамто гашта будам, ки ин мисраъҳо беихтиёр ба забонам меомаданд:
Дил ташнаи шароб шуда, бингар, рубобхоҳ, Ҷойи шароб лӯливаши мо майобхоҳ 108 Бебода маст гашта, дигар рахти хобхоҳ...
Ман ин мисраъҳоро мегуфтаму бехудона ба баёзи гардани базебаш даст меандохтам.
- Дастата букаш! Буқаи бешоҳбанд барин чӣ бехуд шудӣ?!
Дар пешам духтараки сиёҳҷурдаи хашмолуде меистод. Вай ба Истаме, ки лаҳзае пештар бо хандаи
108 Майоб - дар лафзи лӯлиёни Осиёи Марказӣ ба маънои об корбаст мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё